https://sputnik.tj/20220627/mudofia-idm-barnoma-hamkori-1049528307.html
Намояндагони вазоратҳои мудофиаи ИДМ барномаи ҳамкориҳоро қабул карданд
Намояндагони вазоратҳои мудофиаи ИДМ барномаи ҳамкориҳоро қабул карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи назди Шӯрои вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард
2022-06-27T12:19+0500
2022-06-27T12:19+0500
2022-06-27T14:25+0500
идм
қазоқистон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1b/1049527511_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_c0590920727ed8741226e071e28dae1f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Ширкаткунандагони ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозии намояндагони нерӯҳои муҳандисии кишварҳои ИДМ нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2023 тасдиқ карданд. Ҷаласаи ҳаштуми кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба таъминоти муҳандисии назди Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ дар вилояти Алмаато баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифоъи Қазоқистон хабар додааст.Вазирони дифои кишварҳои ИДМ дар Маскав чиро баррасӣ карданд?Гуфта мешавад, ки дар он намояндагони нерӯҳои муҳандисии вазоратҳои дифоъи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва котиботи Шӯрои вазирони дифоъ ширкат доштаанд. Манбаъ афзуда, ки қарорҳое, ки дар мулоқот қабул шудаанд, ба рушди низоми ҳамкориҳои ҳарбӣ байни нерӯҳои муҳандисӣ бо назардошти манфиатҳои умумӣ ва миллӣ нигаронида шудаанд.
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/1b/1049527511_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_2c6becc90c495f7b6db11d7ea298eeef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амниятиҳо, идм, барнома
Намояндагони вазоратҳои мудофиаи ИДМ барномаи ҳамкориҳоро қабул карданд
12:19 27.06.2022 (Навсозишуда: 14:25 27.06.2022) Намояндаи Вазорати дифои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок кард
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Ширкаткунандагони ҷаласаи кумитаи ҳамоҳангсозии намояндагони нерӯҳои муҳандисии кишварҳои ИДМ нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2023 тасдиқ карданд.
Ҷаласаи ҳаштуми кумитаи ҳамоҳангсозӣ оид ба таъминоти муҳандисии назди Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ дар вилояти Алмаато баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифоъи Қазоқистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки дар он намояндагони нерӯҳои муҳандисии вазоратҳои дифоъи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва котиботи Шӯрои вазирони дифоъ ширкат доштаанд.
"Тарафҳо ҳамкориҳои нерӯҳои муҳандисии вазоратҳои дифои кишварҳои муштаракулманофеъро баррасӣ намуда, барномаи омодасозии воҳидҳои муҳандисии миллӣ баррасӣ ва нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2023 тасдиқ карданд", — омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки қарорҳое, ки дар мулоқот қабул шудаанд, ба рушди низоми ҳамкориҳои ҳарбӣ байни нерӯҳои муҳандисӣ бо назардошти манфиатҳои умумӣ ва миллӣ нигаронида шудаанд.