https://sputnik.tj/20220627/garavgon-ukrain-azot-ozod-1049533330.html
Сафири ҶМЛ: ҳамаи гаравгонҳо аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ дар "Азот" озод шуданд
Сафири ҶМЛ: ҳамаи гаравгонҳо аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ дар "Азот" озод шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Ҷумҳурии мардумии Луганск гуфт, ки дар дасти ҷангҷӯён дар "Азот" ягон сокини мулкӣ гаравгон намондааст. Ҳамагӣ аллакай ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд
2022-06-27T14:16+0500
2022-06-27T14:16+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
озод
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102628/44/1026284418_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_357b7309b723580140ef626b06468261.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави "Азот" гаравгон намондааст, гуфт сафири ҶМЛ дар Русия Родион Мирошник."Ҳеҷ кас дар дасти ҷангҷӯёни украинӣ гаравгон намондааст. То имрӯз ҳудуди минтақаи саноатии "Азот" аз ҷангҷӯёни украинӣ комилан озод карда шудааст", - хабар дод сафир.Ӯ гуфт, вале ҳастанд гурӯҳи одамоне, ки намехоҳанд ин минтақаро тарк кунанд."Теъдоди муайяни одамон ҷои рафтан надоранд ва онҳо намехоҳанд аз қаламрави Северодонетск берун шаванд, тақрибан 30%, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳоло дар паноҳгоҳҳо бимонанд. Сарбозони мо ба онҳо ғизо, об ва дору медиҳанд", - гуфт Мирошник дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24". Сафир афзуд, ки аллакай чанд нафар аз қаламрави минтақаи саноатӣ тахлия шудаанд. "Субҳи имрӯз, беш аз 500 нафар, ки тасмим гирифтанд паноҳгоҳро тарк кунанд, бо нақлиёт, асосан ба Старобелск интиқол дода шуданд. Он ҷо нуқтаи тақсимот мавҷуд аст, ки мардум аллакай тасмим мегиранд ба куҷо рафтан мехоҳанд, дар куҷо хешовандон доранд ва ё ба марказҳои зисти муваққатӣ рафтан мехоҳанд”, - афзуд сафир.Қаблан сафир гуфта буд, ки рӯзи якшанбе ҳудуди 250 ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон аз "Азот" берун бароварда шуданд. Рӯзи шанбе Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон гуфт, ки 800 нафар корхонаро тарк кардаанд.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Қодиров ҳақиқатро дар бораи талафоти бузурги зархаридон дар Украина ошкор кардНерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220627/aholi-mulki-azot-berun-rusia-ukraina-1049530980.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102628/44/1026284418_124:0:875:563_1920x0_80_0_0_8bf7a630d5503b55b4eba054ff675df8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сокинони осоишта, корхона, "азот"
сокинони осоишта, корхона, "азот"
Сафири ҶМЛ: ҳамаи гаравгонҳо аз дасти ҷангҷӯёни украинӣ дар "Азот" озод шуданд
14:16 27.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Сафири Ҷумҳурии мардумии Луганск гуфт, ки корхонаи саноатии "Азот" аз ҷангҷӯёни украинӣ озод шуд ва он ҷо ягон гаравгон боқӣ намондааст
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир дар қаламрави "Азот" гаравгон намондааст, гуфт сафири ҶМЛ дар Русия Родион Мирошник.
"Ҳеҷ кас дар дасти ҷангҷӯёни украинӣ гаравгон намондааст. То имрӯз ҳудуди минтақаи саноатии "Азот" аз ҷангҷӯёни украинӣ комилан озод карда шудааст", - хабар дод сафир.
Ӯ гуфт, вале ҳастанд гурӯҳи одамоне, ки намехоҳанд ин минтақаро тарк кунанд.
"Теъдоди муайяни одамон ҷои рафтан надоранд ва онҳо намехоҳанд аз қаламрави Северодонетск берун шаванд, тақрибан 30%, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ҳоло дар паноҳгоҳҳо бимонанд. Сарбозони мо ба онҳо ғизо, об ва дору медиҳанд", - гуфт Мирошник дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24".
Сафир афзуд, ки аллакай чанд нафар аз қаламрави минтақаи саноатӣ тахлия шудаанд.
"Субҳи имрӯз, беш аз 500 нафар, ки тасмим гирифтанд паноҳгоҳро тарк кунанд, бо нақлиёт, асосан ба Старобелск интиқол дода шуданд. Он ҷо нуқтаи тақсимот мавҷуд аст, ки мардум аллакай тасмим мегиранд ба куҷо рафтан мехоҳанд, дар куҷо хешовандон доранд ва ё ба марказҳои зисти муваққатӣ рафтан мехоҳанд”, - афзуд сафир.
Қаблан сафир гуфта буд, ки рӯзи якшанбе ҳудуди 250 ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон аз "Азот" берун бароварда шуданд.
Рӯзи шанбе Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон гуфт, ки 800 нафар корхонаро тарк кардаанд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.