Эмомалӣ Раҳмон: Пешрафти кишвар танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу субот имкон дорад

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2022
Обуна шудан
Ахиран раисҷумҳури кишвар зимни паёми шодбошаш ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ аз мардум даъват кард, ки бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ бошанд
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид шудааст, ки муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.
“Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву рӯҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад”, - гуфт раисҷумҳур.
Вай гуфт, айни замон мардуми Тоҷикистон бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Раҳмон аз буҳронҳо гуфту аз тоҷикистониён хост, омода бошанд
“Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳимме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Вай илова кард, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад.
Раисҷумҳур зикр кард, ки ба ҷо овардани фаризаҳои динӣ низ, ки ҷузъи муҳимми зиндагии мардуми мусулмони кишвар ба шумор мераванд, фақат дар шароити таъмин будани амният, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ муяссар шуда метавонад.
Молодежь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Раиси Суғд ба ҳифзи ваҳдат дар Тоҷикистон даъват кард
Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон кард, ки хоинону бадхоҳони давлату миллати тоҷик – онҳое, ки манфиатҳои милливу давлатиро қурбони нафс кардаанд ва имону виҷдони худро ба хоҷаҳои хориҷиашон фурӯхтаанд, ҳанӯз ҳам аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд.
“Аз ин лиҳоз, мо бояд ҳамеша дар фикри ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар ғафлат намонем”,- қайд кард раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъомаду ҳамоишҳо, барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ярмаркаҳои озуқаворӣ баргузор мегарданд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳо, ки дар он ҷо тоҷикон ба сар мебаранд, таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0