https://sputnik.tj/20220627/dushanbe-tehron-iktishof-bahrabardori-zakhoir-naft-gaz-1049547131.html
Душанбеву Теҳрон иктишофу баҳрабардорӣ аз захоири нафтӣ ва гази кишварро баррасӣ карданд
Душанбеву Теҳрон иктишофу баҳрабардорӣ аз захоири нафтӣ ва гази кишварро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайаи Тоҷикистон ба хотири пайгири ва иҷрои моддаҳои тафоҳумномаҳо ва тавофуқҳои ба имзо расида ба Теҳрон сафар карданд
2022-06-27T20:45+0500
2022-06-27T20:45+0500
2022-06-27T20:45+0500
дар тоҷикистон
эрон
саноат
нафт
газ
иктишофӣ
тавофуқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048325970_0:100:3283:1947_1920x0_80_0_0_c13663c3d8f0d9adc5e047798ebb12ce.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аҳмади Асадзода, муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафти Эрон ахиран дар Теҳрон бо ҳайати расмии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Садои Хуросон.Тибқи иттилои манбаъ, Аҳмади Асадзода бо ҳайате аз Тоҷикистон ба раёсатии Бахтиёри Шарифӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар ва ҳамроҳии Шарифаи Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва дигар мақомдорони тоҷик дидор ва гуфтугӯ кард.Гуфта шудааст, ки ин ҳайаи Тоҷикистон ба хотири пайгири ва иҷрои моддаҳои тафоҳумномаи ва тавофуқҳои ба имзо расида ба Теҳрон сафар кардаанд.Қайд карда шудааст, ки бо муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафт ба унвони раиси коргурӯҳи муштараки энергӣ дар бораи ҳамкориҳои мухталифи ҳавзаи энергӣ аз ҷумла иктишоф ва баҳрабардориҳои нафтӣ ва газии он кишвар ва ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамкориҳои омузишӣ мулоқот ва музокира кардаанд.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар Теҳрон масъалаи афзоиши мизони ҳамлу нақл ва транзити миёни Душанбеву Теҳрон баррасӣ шуд.Шаҳриёри Афандизода, муовини ҳамлу нақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон дар ин дидор бо ишора ба вуҷуди масирҳои муштараки миёни ду кишвар бар зарурати афзоиши транзиту содироту воридоти Эрону Тоҷикистон таъкид кард.Вай гуфт, Эрон барои ҳар гуна ҳамкорӣ дар шаклҳои мухталифи ҳамлу нақл аз ҷумлаи ҷодаӣ, роҳи оҳанӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ омодагӣ дорад.
https://sputnik.tj/20220627/afandizoda-tranzit-tehronu-dushanbe-azoish-1049523914.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048325970_276:0:3007:2048_1920x0_80_0_0_5520c9831fea2c324b1b3612cdbacf47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, иктишоф, баҳрабардорӣ, захоир, нафт, газ, баррасӣ, тавофуқ
тоҷикистон, эрон, иктишоф, баҳрабардорӣ, захоир, нафт, газ, баррасӣ, тавофуқ
Душанбеву Теҳрон иктишофу баҳрабардорӣ аз захоири нафтӣ ва гази кишварро баррасӣ карданд
Ҳайате аз Тоҷикистон ба хотири пайгирӣ ва иҷрои бандҳои тафоҳумномаҳо ва тавофуқҳои ба имзорасида миёни мақомоти тоҷику эронӣ ба Теҳрон сафар кард
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Аҳмади Асадзода, муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафти Эрон ахиран дар Теҳрон бо ҳайати расмии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст Садои Хуросон.
Тибқи иттилои манбаъ, Аҳмади Асадзода бо ҳайате аз Тоҷикистон ба раёсатии Бахтиёри Шарифӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар ва ҳамроҳии Шарифаи Худобахш, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва дигар мақомдорони тоҷик дидор ва гуфтугӯ кард.
Гуфта шудааст, ки ин ҳайаи Тоҷикистон ба хотири пайгири ва иҷрои моддаҳои тафоҳумномаи ва тавофуқҳои ба имзо расида ба Теҳрон сафар кардаанд.
Қайд карда шудааст, ки бо муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафт ба унвони раиси коргурӯҳи муштараки энергӣ дар бораи ҳамкориҳои мухталифи ҳавзаи энергӣ аз ҷумла иктишоф ва баҳрабардориҳои нафтӣ ва газии он кишвар ва ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамкориҳои омузишӣ мулоқот ва музокира кардаанд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар Теҳрон масъалаи афзоиши мизони ҳамлу нақл ва транзити миёни Душанбеву Теҳрон баррасӣ шуд.
Шаҳриёри Афандизода, муовини ҳамлу нақли Вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон дар ин дидор бо ишора ба вуҷуди масирҳои муштараки миёни ду кишвар бар зарурати афзоиши транзиту содироту воридоти Эрону Тоҷикистон таъкид кард.
Вай гуфт, Эрон барои ҳар гуна ҳамкорӣ дар шаклҳои мухталифи ҳамлу нақл аз ҷумлаи ҷодаӣ, роҳи оҳанӣ, баҳрӣ ва ҳавоӣ омодагӣ дорад.