https://sputnik.tj/20220626/sanoatsodirotbonk-du-sol-chi-kor-1049522395.html
"Саноатсодиротбонк" дар 2 сол чӣ қадар қарз дод?
"Саноатсодиротбонк" дар 2 сол чӣ қадар қарз дод?
Sputnik Тоҷикистон
Бонки "Саноатсодиротбонк", ки бо ҳадафи дастгирии истеҳсолоту содирот дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, фаъолияти дусолаашро ҷамъбаст намуд
2022-06-26T20:01+0500
2022-06-26T20:01+0500
2022-06-26T20:06+0500
дар тоҷикистон
саноат
қарздиҳӣ
молия
содирот
таъсис
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102842/12/1028421229_0:95:3305:1954_1920x0_80_0_0_c94c54429c41fdc1fbaeaeb7aa4140cd.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Аз 224 млн сомонӣ қарзи додаи "Саноатсодиротбонк" беш аз 136 млн сомонӣ барои рушди саноат равона шудаст.Дар ин бора раёсати бонк, дар ҷамъбасти фаъолияти дусолааш ба хабаргузории "Ховар" иттилоъ додаст.Аз ҷумла зикр шудаст, ки дар семоҳаи аввали соли равон 49 млн сомонӣ барои дастгирии соҳибкорон равона шудаанд."Қарзҳои пешниҳодшуда аз рӯи минтақаҳо 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро гирифтаанд. Инчунин қарзҳои додашуда дар семоҳаи аввали соли равон аз рӯи соҳаҳо ба соҳаи саноат 40,8 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 1,5 млн. сомонӣ, хизматрасонӣ 350,0 ҳазор сомонӣ, сохтмон 2,2 млн сомонӣ ва ба тиҷорат 4,1 млн сомонӣ рост меояд", - омадаст дар иттилоия.Таъкид шудаст, ки бонки мазкур дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ фаъол буда, дар ин давра корҳо дар самти кушодани сохторҳои нав дар ноҳияҳои Данғара ва Рашт оғоз гардидааст.Маврид ба зикр аст, ки "Саноатсодиротбонк" бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирии рушди саноат ва истеҳсолот соли 2020-ум ба фаъолият шуруъ кард.Бо қарори ҳукумат, ки моҳи июни соли 2021, сармояи оинномавии “Саноатсодиротбонк” қариб ду баробар - аз 200 миллион сомонии қаблӣ то ба 380 миллион сомонӣ расонда шуд.“Саноатсодиротбонк”, дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфту мақари асосиаш ба хиёбони Саъдӣ Шерозии шаҳри Душанбе, ба ҷои “Агроинвестбонк” кӯчид
https://sputnik.tj/20200920/Gsht-shir-va-tukhm-arzon-meshavad-dar-Sud-istesolot-afzoish-ft-1031931443.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102842/12/1028421229_287:0:3018:2048_1920x0_80_0_0_8636928aca66dc322c513b5c3db40b2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бон, саноатсодиротбонк, тавлидот, дастгирӣ
бон, саноатсодиротбонк, тавлидот, дастгирӣ
"Саноатсодиротбонк" дар 2 сол чӣ қадар қарз дод?
20:01 26.06.2022 (Навсозишуда: 20:06 26.06.2022) Бонки "Саноатсодиротбонк", ки бо ҳадафи дастгирии истеҳсолоту содирот дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, фаъолияти дусолаашро ҷамъбаст намуд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Аз 224 млн сомонӣ қарзи додаи "Саноатсодиротбонк" беш аз 136 млн сомонӣ барои рушди саноат равона шудаст.
Дар ин бора раёсати бонк, дар ҷамъбасти фаъолияти дусолааш ба хабаргузории "Ховар" иттилоъ додаст.
Аз ҷумла зикр шудаст, ки дар семоҳаи аввали соли равон 49 млн сомонӣ барои дастгирии соҳибкорон равона шудаанд.
"Қарзҳои пешниҳодшуда аз рӯи минтақаҳо 35 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро гирифтаанд. Инчунин қарзҳои додашуда дар семоҳаи аввали соли равон аз рӯи соҳаҳо ба соҳаи саноат 40,8 млн. сомонӣ, кишоварзӣ 1,5 млн. сомонӣ, хизматрасонӣ 350,0 ҳазор сомонӣ, сохтмон 2,2 млн сомонӣ ва ба тиҷорат 4,1 млн сомонӣ рост меояд", - омадаст дар иттилоия.
Таъкид шудаст, ки бонки мазкур дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ фаъол буда, дар ин давра корҳо дар самти кушодани сохторҳои нав дар ноҳияҳои Данғара ва Рашт оғоз гардидааст.
Маврид ба зикр аст, ки "Саноатсодиротбонк" бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирии рушди саноат ва истеҳсолот соли 2020-ум ба фаъолият шуруъ кард.
Бо қарори ҳукумат, ки моҳи июни соли 2021, сармояи оинномавии “Саноатсодиротбонк” қариб ду баробар - аз 200 миллион сомонии қаблӣ то ба 380 миллион сомонӣ расонда шуд.
“Саноатсодиротбонк”, дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфту мақари асосиаш ба хиёбони Саъдӣ Шерозии шаҳри Душанбе, ба ҷои “Агроинвестбонк” кӯчид