https://sputnik.tj/20220626/rusiya-tojikiston-million-rubl-mefiristad-1049513486.html
Русия ба Тоҷикистон 380 миллион рубл мефиристад
Русия ба Тоҷикистон 380 миллион рубл мефиристад
Sputnik Тоҷикистон
Ин миқдор маблағ барои мактабҳои муштараки русӣ-тоҷикӣ, ки дар Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода ва Хуҷанд аз соли нави хониш ифтитоҳ мешаванд, ҷудо гардидааст
2022-06-26T11:45+0500
2022-06-26T11:45+0500
2022-06-27T15:33+0500
дар тоҷикистон
дар русия
иқтисод
маориф
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620297_0:158:3077:1889_1920x0_80_0_0_039a925592fcb8209c0418ce698632d3.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳукумати Русия барои кумак ба панҷ мактаби муштараки русиву тоҷикӣ аз будҷаи давлат ҳудуди 378 миллион рубл ихтисос хоҳад дод. Фармони дахлдор, ки Михаил Мишустин-нахуствазири Русия имзо кардааст, рӯзи шанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд. "Ба Вазорати маорифи Русия барои соли 2022 маблағҳои буҷетӣ ҳамчун кумак ба 5 муассисаи муштараки таҳсилоти умумии Русия ва Тоҷикистон, ки дар доираи татбиқи созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҷудо карда шавад", - омадааст дар санад. Тибқи ин санад, ҳаҷми умумии маблағе, ки барои ташкил ва фаъолияти ин мактабҳо ҷудо мешавад, ҳудуди 378 миллион рублро ташкил медиҳад. Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як матлабе дар "Российская газета", ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр шуд, аз ифтитоҳи 5 мактаби таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз 1 сентябр хабар дода буд.Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд. Вазир афзуд, ҳамасола ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки 60 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи федералӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20220505/lavrov-tojikiston-maktab-nav-rusi-boz-1048205355.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/0e/1032620297_174:0:2903:2047_1920x0_80_0_0_0d0ede31217b7d5ad12197cc82fd7c49.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон мактаб муштарак пул
русия тоҷикистон мактаб муштарак пул
Русия ба Тоҷикистон 380 миллион рубл мефиристад
11:45 26.06.2022 (Навсозишуда: 15:33 27.06.2022) Ин маблағ барои мактабҳои муштараки русӣ-тоҷикӣ, ки дар Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Турсунзода ва Хуҷанд дар соли нави хониш ифтитоҳ мешаванд, ҷудо гардидааст
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Ҳукумати Русия барои кумак ба панҷ мактаби муштараки русиву тоҷикӣ аз будҷаи давлат ҳудуди 378 миллион рубл ихтисос хоҳад дод.
Фармони дахлдор, ки Михаил Мишустин-нахуствазири Русия имзо кардааст, рӯзи шанбе дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шуд.
"Ба Вазорати маорифи Русия барои соли 2022 маблағҳои буҷетӣ ҳамчун кумак ба 5 муассисаи муштараки таҳсилоти умумии Русия ва Тоҷикистон, ки дар доираи татбиқи созишномаи байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ҷудо карда шавад", - омадааст дар санад.
Тибқи ин санад, ҳаҷми умумии маблағе, ки барои ташкил ва фаъолияти ин мактабҳо ҷудо мешавад, ҳудуди 378 миллион рублро ташкил медиҳад.
Қаблан Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як матлабе дар "Российская газета", ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ нашр шуд, аз ифтитоҳи 5 мактаби таълими забони русӣ дар Тоҷикистон аз 1 сентябр хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, таҳсил дар мактабҳои русзабон имкон медиҳад, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо шартҳои баробар ба донишгоҳҳои Русия дохил шаванд.
Вазир афзуд, ҳамасола ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил мекунанд, ки 60 ҳазор нафари онҳо аз ҳисоби буҷаи федералӣ мебошанд.