https://sputnik.tj/20220626/rasonaho-norasoi-gaz-olmon-iqtisod-ittihodi-avrupo-qafo-mekashad-1049519078.html
Расонаҳо: Норасоии газ дар Олмон иқтисоди тамоми Иттиҳоди Аврупоро ба қафо мекашад
Расонаҳо: Норасоии газ дар Олмон иқтисоди тамоми Иттиҳоди Аврупоро ба қафо мекашад
Sputnik Тоҷикистон
Ба таъкиди нахуствазири Белгия, Олмон ҳоло ягона кишварест, ки эътироф намуд, дар сурати мушкилот бо манобеи энержӣ фаъолияти иқтисодии худро коҳиш медиҳад 26.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-26T16:35+0500
2022-06-26T16:35+0500
2022-06-27T14:51+0500
дар ҷаҳон
олмон
иқтисод
газ
иа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/11/1047713433_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_3f9248cab62187148e1329ee2ed94756.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Нахуствазири Белгия Александр де Крос ҳушдор дод, ки агар Олмон ба далели камбуди газ ба мушкилот дучор шавад, барои тамоми Иттиҳодияи Аврупо "эффектҳои домино" хоҳад омад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Олмон N-TV. Вай ёдовар шуд, ки Олмон дар ҳоли ҳозир ягона кишварест, ки эътироф намудааст шояд ба далели мушкилот бо манобеъи энержӣ бояд бархе аз фаъолияти иқтисодии худро коҳиш диҳад. Қаблан Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон хостори коҳиши масрафи газ дар ин кишвар дар ҳама ҷо ба далели сар задани бӯҳрон шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, камбуди маводи сӯхт метавонад боиси мутаваққиф шудани тамоми равандҳои бозор гардад, ки ба қатъи пурраи бархе аз соҳаҳо таҳдид мекунад. Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта Олмон марҳилаи дуввуми нақшаи семарҳиларо барои рафъи вазъияти изтирорӣ дар бахши газ фаъол кард. Инак, дар марҳалаи аввал мақомот штаби координатсионӣ ташкил карда, ба назорати суръати пур кардани анборхо шуруъ карданд. Дар дуюм, ҳолати ҳушёрии баланд ҷорӣ карда мешавад, аммо ширкатҳо метавонанд мустақилона тасмим гиранд, ки истеъмолро чӣ қадар кам кунанд.Дар марҳалаи охирин режими фавқулода муқаррар карда мешавад, ки он ба давлат имкон медиҳад, ки захираҳоро худаш тақсим кунад.
https://sputnik.tj/20220626/faronsaviho-davat-sarfa-nerui-barq-garmi-shuru-1049515279.html
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/11/1047713433_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_3ce852cdec7acb5d6c22625e215fdd1a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, олмон, иқтисод, газ, иа
дар ҷаҳон, олмон, иқтисод, газ, иа
Расонаҳо: Норасоии газ дар Олмон иқтисоди тамоми Иттиҳоди Аврупоро ба қафо мекашад
16:35 26.06.2022 (Навсозишуда: 14:51 27.06.2022) Ба таъкиди нахуствазири Белгия, Олмон ҳоло ягона кишварест, ки эътироф намуд, дар сурати мушкилот бо манобеи энержӣ фаъолияти иқтисодии худро коҳиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Нахуствазири Белгия Александр де Крос ҳушдор дод, ки агар Олмон ба далели камбуди газ ба мушкилот дучор шавад, барои тамоми Иттиҳодияи Аврупо "эффектҳои домино" хоҳад омад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Олмон N-TV.
"Агар Олмон ба мушкилот шурӯъ кунад, он ба тамоми кишварҳои дигари Аврупо таъсири бузург хоҳад дошт", - гуфт сиёсатмадор.
Вай ёдовар шуд, ки Олмон дар ҳоли ҳозир ягона кишварест, ки эътироф намудааст шояд ба далели мушкилот бо манобеъи энержӣ бояд бархе аз фаъолияти иқтисодии худро коҳиш диҳад.
Қаблан Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон хостори коҳиши масрафи газ дар ин кишвар дар ҳама ҷо ба далели сар задани бӯҳрон шуда буд. Ба гуфтаи ӯ, камбуди маводи сӯхт метавонад боиси мутаваққиф шудани тамоми равандҳои бозор гардад, ки ба қатъи пурраи бархе аз соҳаҳо таҳдид мекунад.
Рӯзи чаҳоршанбеи гузашта Олмон марҳилаи дуввуми нақшаи семарҳиларо барои рафъи вазъияти изтирорӣ дар бахши газ фаъол кард. Инак, дар марҳалаи аввал мақомот штаби координатсионӣ ташкил карда, ба назорати суръати пур кардани анборхо шуруъ карданд.
Дар дуюм, ҳолати ҳушёрии баланд ҷорӣ карда мешавад, аммо ширкатҳо метавонанд мустақилона тасмим гиранд, ки истеъмолро чӣ қадар кам кунанд.
Дар марҳалаи охирин режими фавқулода муқаррар карда мешавад, ки он ба давлат имкон медиҳад, ки захираҳоро худаш тақсим кунад.