https://sputnik.tj/20220626/qonun-alayh-tabiz-zabon-millat-dinu-aqida-tojikiston-1049516556.html
Қабули қонун алайҳи табъиз аз рӯйи забон, миллат ва дину ақида: шарҳи вазир
Қабули қонун алайҳи табъиз аз рӯйи забон, миллат ва дину ақида: шарҳи вазир
Sputnik Тоҷикистон
Бар асоси қонуни ҷадид дар Тоҷикистон ҳар нафаре, ки мавриди табъиз аз рӯи дину мазҳаб, нажод, миллат, забон қарор гирифтаст, метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад
2022-06-26T14:20+0500
2022-06-26T14:20+0500
2022-06-27T14:58+0500
дар тоҷикистон
ҳуқуқ
музаффар ашуров
вазир
адлия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044781947_0:125:1201:800_1920x0_80_0_0_8eacf0192eaab6d6b11d249fad187b67.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон қонуни қабулкардаи парлумон алайҳи табъиз дар ҷумҳуриро тавзеҳ дод. Ба иттилои Ашӯриён, бар асоси қонун "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" заминаҳои ҳуқуқии имкониятҳои баробар барои ҳамаро таъмин месозад. Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазири адлия овардааст, ки табъиз ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ буда, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва ё этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкй ё ҳолати дигар асос меёбад. "Доираи амали қонун ба ҳама сохтори давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолияти онҳо, паҳн мегардад", - таъкид кардаст вазир. Ӯ илова намуд, ки бар асоси қонун ҳар нафаре дар Тоҷикистон мавриди табъиз қарор гирифтаст, метавонад барои ҷуброни зарари дидааш ба додгоҳ муроҷиат намояд. "Ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва ё қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд", - илова намуд вай. Ашӯриён изҳор дошт, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар аз табъизро кафолат медиҳад ва барономаҳоеро барои таъмини баробарию барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз меандешад.
https://sputnik.tj/20220529/qat-advokati--tojikiston-1048775459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044781947_0:0:1067:800_1920x0_80_0_0_98c213919cd17844dd196211b68fe2cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарҳ, қонун, табъиз, тоҷикистон
шарҳ, қонун, табъиз, тоҷикистон
Қабули қонун алайҳи табъиз аз рӯйи забон, миллат ва дину ақида: шарҳи вазир
14:20 26.06.2022 (Навсозишуда: 14:58 27.06.2022) Бар асоси қонуни ҷадид дар Тоҷикистон ҳар нафаре, ки мавриди табъиз аз рӯи дину мазҳаб, нажод, миллат, забон қарор гирифтаст, метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон қонуни қабулкардаи парлумон алайҳи табъиз дар ҷумҳуриро тавзеҳ дод.
Ба иттилои Ашӯриён, бар асоси қонун "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" заминаҳои ҳуқуқии имкониятҳои баробар барои ҳамаро таъмин месозад.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли вазири адлия овардааст, ки табъиз ҳама гуна фарқиятгузорӣ, истиснокунӣ, маҳдудсозӣ ё афзалиятдиҳӣ буда, ба аломатҳои нажод, ранги пӯст, пайдоиш, ҷинс, забон, дин ва эътиқод, мансубияти миллӣ ва ё этникӣ, маъюбият, вазъи саломатӣ, синну сол, шаҳрвандӣ, ақида, вазъи молумулкй ё ҳолати дигар асос меёбад.
"Доираи амали қонун ба ҳама сохтори давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва самти фаъолияти онҳо, паҳн мегардад", - таъкид кардаст вазир.
Ӯ илова намуд, ки бар асоси қонун ҳар нафаре дар Тоҷикистон мавриди табъиз қарор гирифтаст, метавонад барои ҷуброни зарари дидааш ба додгоҳ муроҷиат намояд.
"Ҳар шахс ё гурӯҳи шахсоне, ки мавриди табъиз қарор гирифтаанд, ҳуқуқ доранд ба мақомоти судӣ ва мақомоти дигари давлатӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон муроҷиат намоянд, инчунин ба ҷуброни муносиб, одилона ва ё қонеъкунанда барои ҳар гуна зараре, ки дар натиҷаи табъиз расонида шудааст, ҳақ доранд", - илова намуд вай.
Ашӯриён изҳор дошт, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи баробар аз табъизро кафолат медиҳад ва барономаҳоеро барои таъмини баробарию барҳам додани ҳама гуна шакли табъиз меандешад.