https://sputnik.tj/20220625/zelenskiy-safir-ukraina-tojikiston-barkanor-1049504402.html
Зеленский сафири нави Украина дар Тоҷикистонро таъйин кард
Зеленский сафири нави Украина дар Тоҷикистонро таъйин кард
Sputnik Тоҷикистон
Фармон дар бораи таъйини сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон дар вебсайти расмии рахбари ин кишвар нашр шудаст
2022-06-25T17:30+0500
2022-06-25T17:30+0500
2022-06-27T18:18+0500
владимир зеленский
дар тоҷикистон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049185525_0:0:1042:586_1920x0_80_0_0_dc9e13029ea56500f375b239e5d58376.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Воладимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, бо як фармон намояндаи расмии ин кишвар дар Тоҷикистонро таъйин кард. Фармони дахлдор дар вебсайти расмии раҳбари Украина нашр шудааст.Ҳамчунин бо як фармони дигар раиси ҷумҳури Украина 5 сафири ин кишварро барканор кард. Ба ин тартиб, раҳбарони ниҳодҳои дипломатии Украина дар Гурҷистон, Эрон, Португалия, Лубнон ва Словакия аз мақомаш барканор шуданд. Фармонҳои дахлдор дар вебсайти расмии Зеленский нашр шудаанд. Сабаби аз кор озод шуданаш маълум нест. Дар сайт то ҳол фармон дар бораи таъини сафирони дигар вуҷуд надорад.Сафири нави Украина дар Тоҷикистон 51 сол дошта, низомии собиқ аст ва аз моҳи сентябри соли 2019 то июни соли 2020 дар вазифаи Хадамоти истихбороти хориҷии Украина низ кор кардааст. Ӯ рутбаи генерал-майор дорад.Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Украина 24 апрели соли 1992 барқарор шудааст.
https://sputnik.tj/20220624/zelenskiy-khadamot-amniyat-ukrainaro-barkanor-1049474279.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049185525_115:0:1042:695_1920x0_80_0_0_9600cec1a3a35ab878250de032ba1a4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зеленский сафир украина тоҷикистон
зеленский сафир украина тоҷикистон
Зеленский сафири нави Украина дар Тоҷикистонро таъйин кард
17:30 25.06.2022 (Навсозишуда: 18:18 27.06.2022) Фармон дар бораи таъйини сафири фавқулодда ва мухтори Украина дар Тоҷикистон дар вебсайти расмии раҳбари ин кишвар нашр шудаст
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Воладимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, бо як фармон намояндаи расмии ин кишвар дар Тоҷикистонро таъйин кард.
Фармони дахлдор дар вебсайти расмии раҳбари Украина нашр шудааст.
"Валерий Владимирович Евдокимов Сафири Фавқулода ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад", — гуфта мешавад дар фармон.
Ҳамчунин бо як фармони дигар раиси ҷумҳури Украина 5 сафири ин кишварро барканор кард.
Ба ин тартиб, раҳбарони ниҳодҳои дипломатии Украина дар Гурҷистон, Эрон, Португалия, Лубнон ва Словакия аз мақомаш барканор шуданд.
Фармонҳои дахлдор дар вебсайти расмии Зеленский нашр шудаанд.
Сабаби аз кор озод шуданаш маълум нест. Дар сайт то ҳол фармон дар бораи таъини сафирони дигар вуҷуд надорад.
Сафири нави Украина дар Тоҷикистон 51 сол дошта, низомии собиқ аст ва аз моҳи сентябри соли 2019 то июни соли 2020 дар вазифаи Хадамоти истихбороти хориҷии Украина низ кор кардааст. Ӯ рутбаи генерал-майор дорад.
Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Украина 24 апрели соли 1992 барқарор шудааст.