Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Низомиёни асири украинӣ гуфтанд, чӣ гуна ҳамсафонашон ба пушти онҳо тир холӣ карданд

© AP / Efrem LukatskyУкраинские военнослужащие
Украинские военнослужащие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2022
Обуна шудан
Дастикам 18 низомии украинӣ дар ноҳияи Северодонетски вилояти Луҳанск силоҳ ба замин гузошта таслим шуданд. Вале қабули ин қарор барои онҳо хеле хатарнок буд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сарбозони украинӣ, ки ба нерӯҳои ҶМЛ дар шаҳри Горский таслим шуданд, нақл карданд, ки чӣ гуна ҳамкорони собиқ ҳангоми кӯшиши гузоштани силоҳ ба замин, ба пушти онҳо тир парронданд.
Дар ноҳияи Северодонетскии вилояти Луганск 18 нафар низомиёни бригадаи 24-уми қувваҳои мусаллаҳи Украина, таслим шуданд.
"Мо мехостем таслим шавем, аммо фавран таслим нашудем, зеро моро ҳамкорони худамон минаборон мекарданд", - нақл кард яке аз сарбозон дар суҳбат бо хабарнигор.
Ҳамкораш афзуд, ки "ҳамин тавр ҳам шуд".
"Ҳангоме ки русҳо моро дастгир мекарданд, дастонамонро мебастанд, тирпарронӣ ба сӯи мо оғоз шуд. Дар ҳамин ҳол, русҳо аллакай тирпаррониро бас карда буданд. Ин низомиёни мо буданд. Ва русҳо моро боз дар таҳхона пинҳон карданд", - гуфт ӯ.
Пункт временного содержания украинских военнопленных на Харьковском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарбози украинӣ дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи даҳшатноки террористӣ дар Херсон гуфт
Маълум аст, ки як сарбози украинӣ дар паи ин тирпарронӣ захмӣ шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Низомиёни Украина ба таври оммавӣ аз ҷанг худдорӣ мекунанд
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0