https://sputnik.tj/20220625/askar-akaev-ishtiboh-prezidenti-1049504240.html
Аскар Акаев бузургтарин иштибоҳи худро дар даврони президентӣ ошкор гуфт
Аскар Акаев бузургтарин иштибоҳи худро дар даврони президентӣ ошкор гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти нахустини Қирғизистон дар бораи зангҳои раҳбарони кишварҳои ҳамсоя нақл кард, ки оқибатҳои иштибоҳи ӯ, ба онҳо низ таъсир расонидааст
2022-06-25T18:46+0500
2022-06-25T18:46+0500
2022-06-27T18:14+0500
аскар оқоев
қирғизистон
президент
вазифа
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044261479_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_03d42b8e1d84ffd6fcb953e65f9e8b62.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури нахустини Қирғизистон Аскар Акаев дар мусоҳиба бо хабаргузории олмонии Deutsche Welle додани иҷоза ба Freedom House барои боз кардани нашриётро бузургтарин иштибоҳи худ номид. Акаев инқилоби “лолаӣ”-и соли 2005-ро ба кори нерӯҳои беруна шарҳ дод, ки пас аз “инқилоби садбаргӣ”-и Гурҷистон ва инқилоби “норанҷӣ” дар Украина мехостанд дар Ӯзбекистон табаддулот ташкил кунанд ва чун ноком шуданд, рӯйгардон шуда, ба Қирғизистон рӯ оварданд."Фикр мекунам, ки ман бо додани иҷоза ба Freedom House барои нашр кардани рӯзномаҳо, хато кардам. Ба онҳо озодии зиёд додам ва онҳо ба чопи ҳама рӯзномаҳои мустақил шурӯъ карданд. Онҳо миллионҳо рӯзномаро бепул чоп мекарданд, ки он ҷо дар бораи мо, дар бораи оила ҳар гуна тӯҳмат менавиштанд", - нақл кард президенти пешин. Аскар Акаев: Табаддулоти соли 2005-ро ИМА ташкил кард Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони кишварҳои ҳамсоя низ аз кори ин чопхонаҳо норозӣ буданд, зеро дар Қирғизистон нашрияҳои мухолифи мамнӯъ дар ин матбааҳо чоп шуда, баъдан дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон паҳн мешуданд. Ҷабборов: Акаев дигар назди мардум гунаҳкор нест"Рӯзе Нурсултон Абишевич (Назарбоев. – шарҳ аз идора.) ба ман занг зада мегӯяд: "Гӯш кун, демократ, демократияро дар хонаат мекунӣ. Чаро дар мо? Дар матбааи шумо рӯзнома чоп шуда буд, ки маро танқид карданд: "Ислом Абдуғаниевич (Каримов. - шарҳ аз идора.) ҳам ҳамин тавр гуфт. Чунин иштибоҳ буд", - гуфт Акаев.
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/14/1044261479_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d9af9e8774d9a5d240b971a738fecf83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иштибоҳ, аскар акаев, президент
иштибоҳ, аскар акаев, президент
Аскар Акаев бузургтарин иштибоҳи худро дар даврони президентӣ ошкор гуфт
18:46 25.06.2022 (Навсозишуда: 18:14 27.06.2022) Президенти нахустини Қирғизистон дар бораи зангҳои раҳбарони кишварҳои ҳамсоя нақл кард, ки оқибатҳои иштибоҳи ӯ ба онҳо низ таъсир расонидааст
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури нахустини Қирғизистон Аскар Акаев дар мусоҳиба бо хабаргузории олмонии Deutsche Welle додани иҷоза ба Freedom House барои боз кардани нашриётро бузургтарин иштибоҳи худ номид.
Акаев инқилоби “лолаӣ”-и соли 2005-ро ба кори нерӯҳои беруна шарҳ дод, ки пас аз “инқилоби садбаргӣ”-и Гурҷистон ва инқилоби “норанҷӣ” дар Украина мехостанд дар Ӯзбекистон табаддулот ташкил кунанд ва чун ноком шуданд, рӯйгардон шуда, ба Қирғизистон рӯ оварданд.
"Фикр мекунам, ки ман бо додани иҷоза ба Freedom House барои нашр кардани рӯзномаҳо, хато кардам. Ба онҳо озодии зиёд додам ва онҳо ба чопи ҳама рӯзномаҳои мустақил шурӯъ карданд. Онҳо миллионҳо рӯзномаро бепул чоп мекарданд, ки он ҷо дар бораи мо, дар бораи оила ҳар гуна тӯҳмат менавиштанд", - нақл кард президенти пешин.
Ба гуфтаи ӯ, раҳбарони кишварҳои ҳамсоя низ аз кори ин чопхонаҳо норозӣ буданд, зеро дар Қирғизистон нашрияҳои мухолифи мамнӯъ дар ин матбааҳо чоп шуда, баъдан дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон паҳн мешуданд.
"Рӯзе Нурсултон Абишевич (Назарбоев. – шарҳ аз идора.) ба ман занг зада мегӯяд: "Гӯш кун, демократ, демократияро дар хонаат мекунӣ. Чаро дар мо? Дар матбааи шумо рӯзнома чоп шуда буд, ки маро танқид карданд: "Ислом Абдуғаниевич (Каримов. - шарҳ аз идора.) ҳам ҳамин тавр гуфт. Чунин иштибоҳ буд", - гуфт Акаев.