https://sputnik.tj/20220624/zaminlarza-duum-afghoniston-halok-1049481362.html
Заминларзаи дуюм дар Афғонистон боз 5 кушта бар ҷой гузашт
Заминларзаи дуюм дар Афғонистон боз 5 кушта бар ҷой гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Афғонистонро боз заминларза такон дод. Ин бор ҳам дар минтақаҳое сар зад, ки ду ахиран дар он ҷой рух дода куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт
2022-06-24T14:47+0500
2022-06-24T14:47+0500
2022-06-24T20:28+0500
афғонистон
изтирорӣ
заминларза
толибон
захмӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049448110_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_94746cd00102e4b05970679fb89bf9db.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бар асари зилзила дар шарқи Афғонистон панҷ нафари дигар кушта ва беш аз даҳ тан маҷруҳ шуданд. Дар ин бора Шарофат Замон, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон ба РИА Новости хабар додааст.Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS) рӯзи ҷумъа дар наздикии марзи Афғонистону Покистон заминларза ба шиддати 4,3 дараҷа рух дод. Ба иттилои хадамот, заминларза дар умқи 10 километр ба вуқуъ омадааст.Ёдовар мешавем, шаби 21 ба 22 июн Ҷумҳурии Афғонистонро заминҷунбии қавӣ такон дод.Ларзиши он замон 6,1 дараҷа арзёбӣ шуда, дар музофотҳои Пактиё ва Хуст, ки бо Покистон ҳаммарз аст, рух дод.Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки шумори кушташудагон ба 1,1 ҳазор нафар расидааст ва беш аз 1650 нафар маҷрӯҳ шудаанд.Ларзиши замин ба ҳадде қавӣ буд, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон онро эҳсос кардаанд.
https://sputnik.tj/20220623/tojikiston-mardum-afghoniston-izhori-hamdardi-1049446397.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049448110_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_0ffe1b8c6a30ce5a43ba72a8d4af7c7e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
заминларза афғонистон кушта
заминларза афғонистон кушта
Заминларзаи дуюм дар Афғонистон боз 5 кушта бар ҷой гузашт
14:47 24.06.2022 (Навсозишуда: 20:28 24.06.2022) Афғонистонро боз заминларза такон дод. Ин бор ҳам зилзила дар минтақаҳое сар зад, ки ду ахиран дар он ҷой рух дода буду куштаву захмиҳои зиёд дар пай дошт
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бар асари зилзила дар шарқи Афғонистон панҷ нафари дигар кушта ва беш аз даҳ тан маҷруҳ шуданд. Дар ин бора Шарофат Замон, сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон ба РИА Новости хабар додааст.
"Мутаассифона, мо боз аз вилояти Пактиё хабари нохуш дорем. Имрӯз соати 10 дар минтақаи Гиён заминларзаи навбатӣ рух дод", - гуфт манбаъ ва афзуд, ки "беш аз панҷ қурбонӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 10 нафар ҷароҳат бардоштаанд".
Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS) рӯзи ҷумъа дар наздикии марзи Афғонистону Покистон заминларза ба шиддати 4,3 дараҷа рух дод.
Ба иттилои хадамот, заминларза дар умқи 10 километр ба вуқуъ омадааст.
Ёдовар мешавем, шаби 21 ба 22 июн Ҷумҳурии Афғонистонро заминҷунбии қавӣ такон дод.
Ларзиши он замон 6,1 дараҷа арзёбӣ шуда, дар музофотҳои Пактиё ва Хуст, ки бо Покистон ҳаммарз аст, рух дод.
Расонаҳои маҳаллӣ гузориш додаанд, ки шумори кушташудагон ба 1,1 ҳазор нафар расидааст ва беш аз 1650 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Ларзиши замин ба ҳадде қавӣ буд, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон онро эҳсос кардаанд.