Суқути ҳавопаймое дар Рязан, ки дар пай қурбонӣ дорад - видео

© Sputnik / Кирилл КаллиниковСамолет Airbus в небе
Самолет Airbus в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Ҳавопаймои боркаши "Ил-76" дар Рязан суқут кард, ки дар пай он чанд нафар ба ҳалокат расиданд, аммо гуфта мешавад, наҷотёфтагон низ ҳастанд - аз 5 то 7 нафар
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар вилояти Рязани Русия як ҳавопаймои борбар ба садама дучор шуд, хабар медиҳад хадамоти изтирории минтақа.
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки иллати суқути ҳавопаймои Ил-76 корношоямии муҳаррик будааст. Ҳавопаймо ҳангоми парвози омӯзишӣ суқут кард.
Ҳавопаймои бидуни бор буд ва дар ҳолати изтирорӣ тасмим гирифт, ки ба замин фуруд ояд, аммо он ҳангоми фуруд суқут кард.
Тибқи маълумоти пешакӣ, шумори қурбониёни суқути ҳавопаймои ИЛ-76 ба 4 нафар расид. Ҳуввияти нафари охирин ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯро дарҳол пас аз садама ба шуъбаи эҳё оварданд, аммо наҷот додан нашуд. Духтурон маргро соати 5:50 ба қайд гирифтанд.Захмиёни дигар, ки шаш нафар ҳастанд, дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Гуфта мешавад, ки ҳавопаймое, ки дар Рязан суқут кард, хатҳои барқро вайрон кардааст, ки бар асари он чанд кӯчаи минтақа дар маҳалли суқути ҳавопаймо бе барқ ​​монданд.
Лентаи хабарҳо
0