https://sputnik.tj/20220624/rusiya-zelenskiy-sakht-intiqod-1049485869.html
"Худиҳоро муттаҳам мекунад": дар Русия аз нақшаҳои Зеленский сахт интиқод карданд
"Худиҳоро муттаҳам мекунад": дар Русия аз нақшаҳои Зеленский сахт интиқод карданд
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Ҷумҳурии Халқии Луганск дар Русия мегӯяд, раҳбари Украина Владимир Зеленский аллакай ҳамаи одамони худро "муттаҳид мекунад"
2022-06-24T16:20+0500
2022-06-24T16:20+0500
2022-06-24T20:16+0500
владимир зеленский
украина
танқид
ҷмл
ҷмд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049185459_0:0:1042:586_1920x0_80_0_0_22ea39059435643ce99707dc0ab60b5a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сафири ҶМЛ дар Русия Родион Мирошник, нақшаҳои президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи барканории раиси хадамоти амнияти ин кишвар Иван Бакановро шарҳ дод. Дар бораи нақшаҳои раҳбари Украина бораи барканории фармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Украина, Politico бо такя ба манобеъаш хабар дод.Ба навиштаи нашрия, Зеленский мехост Бакановро ба далели ғайрикасбӣ будан, аз кор барканор кунад. Кишвардор ҳамчунин аз набудани вокуниши кофӣ аз ҷониби Хадамоти амнияти Украина ба амалиёти вижае, ки Русия оғоз кардааст, низ норозӣ аст. Дар ин замина Politico аз тасмими аҷиби сардори собиқи Хадамоти амният дар вилояти Херсон Сергей Криворучко ёдовар шуд, ки бар хилофи дастури Зеленский ба кормандонаш қабл аз омадани артиши Русия амр додааст, ки минтақаро тарк кунанд. Ҳоло фаъолияти Хадамоти амният воқеан аз дастгоҳи президент назорат мешавад.Зеленский ба таври ғайридипломатӣ алайҳи Меркел сухан гуфтДар ҳамин ҳол, маъмурияти Зеленский ва худи Баканов то ҳол ба дархости нашрия дар бораи тасдиқ ё радди ин далел посух надодаанд. Ёдовар мешавем, ки бархе аз афсарони воломақоми Хадамоти амнияти Украина мақомҳои худро пас аз оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия тарк карданд.
https://sputnik.tj/20220624/zelenskiy-khadamot-amniyat-ukrainaro-barkanor-1049474279.html
украина
ҷмл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0e/1049185459_69:0:996:695_1920x0_80_0_0_693406de8e68ce27bbfd60580a23aa5b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, зеленский, интиқод
нақша, зеленский, интиқод
"Худиҳоро муттаҳам мекунад": дар Русия аз нақшаҳои Зеленский сахт интиқод карданд
16:20 24.06.2022 (Навсозишуда: 20:16 24.06.2022) Сафири Ҷумҳурии Халқии Луганск дар Русия мегӯяд, раҳбари Украина Владимир Зеленский ҳамаи одамони худро "муттаҳид мекунад"
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Сафири ҶМЛ дар Русия Родион Мирошник, нақшаҳои президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи барканории раиси хадамоти амнияти ин кишвар Иван Бакановро шарҳ дод.
"Зеленский ният дорад комилан "худиҳоро" муттаҳид созад. Кишвар наметавонад ба чунин масъулини бадбахт тоб оварад. Барои аблаҳӣ худи ӯ кофист", - навиштааст Мирошкин дар шабакаи Telegramm-и худ.
Дар бораи нақшаҳои раҳбари Украина бораи барканории фармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Украина, Politico бо такя ба манобеъаш хабар дод.
Ба навиштаи нашрия, Зеленский мехост Бакановро ба далели ғайрикасбӣ будан, аз кор барканор кунад.
Кишвардор ҳамчунин аз набудани вокуниши кофӣ аз ҷониби Хадамоти амнияти Украина ба амалиёти вижае, ки Русия оғоз кардааст, низ норозӣ аст.
Дар ин замина Politico аз тасмими аҷиби сардори собиқи Хадамоти амният дар вилояти Херсон Сергей Криворучко ёдовар шуд, ки бар хилофи дастури Зеленский ба кормандонаш қабл аз омадани артиши Русия амр додааст, ки минтақаро тарк кунанд.
Ҳоло фаъолияти Хадамоти амният воқеан аз дастгоҳи президент назорат мешавад.
Дар ҳамин ҳол, маъмурияти Зеленский ва худи Баканов то ҳол ба дархости нашрия дар бораи тасдиқ ё радди ин далел посух надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки бархе аз афсарони воломақоми Хадамоти амнияти Украина мақомҳои худро пас аз оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия тарк карданд.