https://sputnik.tj/20220624/nizomiyon-ukraina-khuddori-nabard-1049480605.html
Низомиёни Украина ба таври оммавӣ аз ҷанг худдорӣ мекунанд
Низомиёни Украина ба таври оммавӣ аз ҷанг худдорӣ мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Федератсияи Русия мегӯяд, ҳолатҳои фирор ва саркашӣ аз ширкат дар набардҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зиёд мешавад
2022-06-24T14:35+0500
2022-06-24T14:35+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
қувваҳои мусаллаҳ
артиш
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/14/1048584998_0:26:1843:1063_1920x0_80_0_0_60bc79df9b6a38aa09ceb10246a40433.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳодисаҳои фирорӣ дар нерӯҳои Украина, аз ҷумла дар қисми таҳти назорати онҳо КХДР паҳн шуда истодаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа. "Ҳодисаҳои фирор ва саркашӣ аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар мавқеъи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина густурда мешаванд", - омадааст дар изҳорот. Раёсати низомии Русия дар посух гуфт, ки фармондеҳии Украина ба хотири ҷуброни талафоти нерӯи корӣ дар самтҳои Донетск ва Луганск маҷбур аст, дар ҳар минтақа аз ҳисоби шаҳрвандони бетаҷрибае, ки ба сафарбарӣ даъват шудаанд, баталйонҳои туфангчавии алоҳида ташкил кунад.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.ВАО: Зеленский мехоҳад амниятии №1-ашро барои ғайрикасбӣ будан барканор кунадПас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220624/ukraini-hamla-terroristi-kherson-1049478398.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/14/1048584998_195:0:1648:1090_1920x0_80_0_0_aa1024bb0ec4541e30acd5edc58fcf83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, набардҳо, русия
Низомиёни Украина ба таври оммавӣ аз ҷанг худдорӣ мекунанд
14:35 24.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Вазорати дифои Федератсияи Русия мегӯяд, ҳолатҳои фирор ва саркашии нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз вуруд ба ҷанг зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Ҳодисаҳои фирорӣ дар нерӯҳои Украина, аз ҷумла дар қисми таҳти назорати онҳо КХДР паҳн шуда истодаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа.
"Ҳодисаҳои фирор ва саркашӣ аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар мавқеъи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина густурда мешаванд", - омадааст дар изҳорот.
Раёсати низомии Русия дар посух гуфт, ки фармондеҳии Украина ба хотири ҷуброни талафоти нерӯи корӣ дар самтҳои Донетск ва Луганск маҷбур аст, дар ҳар минтақа аз ҳисоби шаҳрвандони бетаҷрибае, ки ба сафарбарӣ даъват шудаанд, баталйонҳои туфангчавии алоҳида ташкил кунад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.