https://sputnik.tj/20220624/lionel-messi-35-sola-1049477211.html
Беҳтарини беҳтаринҳо: кумири миллионҳо Лионел Месси 35-сола шуд - акс
Беҳтарини беҳтаринҳо: кумири миллионҳо Лионел Месси 35-сола шуд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз беҳтарин футболбозони таърихи башарият, варзишкори аргентинӣ Лионел Андрес Месси Куччиттини 35-солагии худро таҷлил мекунад
2022-06-24T12:35+0500
2022-06-24T12:35+0500
2022-06-24T12:40+0500
акс
лионел месси
футбол
зодрӯз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049453440_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_63f361e51c7ff1fce894f10de7257b10.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/17/1049453440_64:0:1445:1036_1920x0_80_0_0_3cb15d1915eca8810d307ed576523c72.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лионел месси, футбол, акс, зодрӯз
лионел месси, футбол, акс, зодрӯз
Беҳтарини беҳтаринҳо: кумири миллионҳо Лионел Месси 35-сола шуд - акс 12:35 24.06.2022 (Навсозишуда: 12:40 24.06.2022 )
Яке аз беҳтарин футболбозони таърихи башарият, варзишкори аргентинӣ Лионел Андрес Месси Куччиттини 35-солагии худро таҷлил мекунад
© AFP 2023 / Franck Fife Капитани тими миллии Аргентина ва "Барселона" машҳуртарин футболбози ҷаҳон шуд.
Капитани тими миллии Аргентина ва "Барселона" машҳуртарин футболбози ҷаҳон шуд.
© AFP 2023 / Franck Fife Лионел Месси 24 июни соли 1987 дар Росариои Аргентина таваллуд шудааст. Падараш дар корхона кор мекард ва модараш гоҳе фаррошӣ мекард.
Лионел Месси 24 июни соли 1987 дар Росариои Аргентина таваллуд шудааст. Падараш дар корхона кор мекард ва модараш гоҳе фаррошӣ мекард.
© AFP 2023 Ӯ 10 маротиба қаҳрамони Испания шуда, 6 ва 8 маротиба Ҷом ва Суперҷоми кишварро ба даст овардааст ва инчунин 4 маротиба дар мусобиқаи бошгоҳҳои Аврупо - Лигаи Чемпионҳо ширкат кардааст.
Ӯ 10 маротиба қаҳрамони Испания шуда, 6 ва 8 маротиба Ҷом ва Суперҷоми кишварро ба даст овардааст ва инчунин 4 маротиба дар мусобиқаи бошгоҳҳои Аврупо - Лигаи Чемпионҳо ширкат кардааст.
© AFP 2023 / Pau Barrena Аргентинӣ борҳо беҳтарин бозигари ҷаҳон дониста шуда, 7 бор соҳиби "Тӯби тиллоӣ" шудааст.
Аргентинӣ борҳо беҳтарин бозигари ҷаҳон дониста шуда, 7 бор соҳиби "Тӯби тиллоӣ" шудааст.
© AFP 2023 / Ben Stansall Ӯ яке аз маъруфтарин варзишгарони ҷаҳон маҳсуб мешавад, аз соли 2006 яке аз чеҳраҳои асосии таблиғотии Adidas ва аз соли 2008 яке аз футболбозони сердаромад ба шумор меравад.
Ӯ яке аз маъруфтарин варзишгарони ҷаҳон маҳсуб мешавад, аз соли 2006 яке аз чеҳраҳои асосии таблиғотии Adidas ва аз соли 2008 яке аз футболбозони сердаромад ба шумор меравад.
© AP / Manu Fernandez Месси аз синни 5-солагӣ дар клуби кӯдаконаи "Грандоли", ки бародари калониаш Матиас дар онҷо машқ мекард, ба футболбозӣ шурӯъ кардааст.
Месси аз синни 5-солагӣ дар клуби кӯдаконаи "Грандоли", ки бародари калониаш Матиас дар онҷо машқ мекард, ба футболбозӣ шурӯъ кардааст.
© AP / Emilio Morenatti Падараш дар як клуб ба ҳайси мураббӣ кор мекард, вале бори аввал Лионелро бибиаш, ягона узви хонаводае, ки ба муваффақияти ӯ дар майдони футбол бовар дошт, ба майдон овард.
Падараш дар як клуб ба ҳайси мураббӣ кор мекард, вале бори аввал Лионелро бибиаш, ягона узви хонаводае, ки ба муваффақияти ӯ дар майдони футбол бовар дошт, ба майдон овард.
© AP / Andres Kudacki Месси бузургтарин футболбоз шуд ва то кунун пас аз ҳар голи задааш дастонашро боло мебардорад - ба эҳтироми бибиаш.
Месси бузургтарин футболбоз шуд ва то кунун пас аз ҳар голи задааш дастонашро боло мебардорад - ба эҳтироми бибиаш.
© Sputnik / Aleksandr Vilf / Гузариш ба медиабонк Месси ба ҳайати "Барселона" соли 2003 пайваст. Баъдан нашрияи бонуфузи испании El Mundo дар бораи бозии ӯ чунин шарҳ додааст: "Ин бача пои Марадона, суръати Кройфф ва партоби Роналдиниоро дорад."
Месси ба ҳайати "Барселона" соли 2003 пайваст. Баъдан нашрияи бонуфузи испании El Mundo дар бораи бозии ӯ чунин шарҳ додааст: "Ин бача пои Марадона, суръати Кройфф ва партоби Роналдиниоро дорад."
© AP / Marcio Jose Sanchez Диего Марадона дар синни 18-солагӣ Мессиро беҳтарин бозигари ҷаҳон дар баробари Роналдинио медонист ва изҳор дошт, ки ӯ дар "Барселона" беҳтарин нест ва ин унвонро ба Месси арзанда медонад.
Диего Марадона дар синни 18-солагӣ Мессиро беҳтарин бозигари ҷаҳон дар баробари Роналдинио медонист ва изҳор дошт, ки ӯ дар "Барселона" беҳтарин нест ва ин унвонро ба Месси арзанда медонад.
© AFP 2023 / Anne-Christine Poujoulat Мессӣ ва ҳамсараш Антонелла Рокутсо бо фарзандонашон Чиро, Матео ва Тиаго дар маросими супоридани "Тӯби тиллоӣ".
Мессӣ ва ҳамсараш Антонелла Рокутсо бо фарзандонашон Чиро, Матео ва Тиаго дар маросими супоридани "Тӯби тиллоӣ".
© AP / Victor R. Caivano Мессӣ бо арӯсаш 30 ноябри соли 2017 дар Аргентине тӯй барпо карданд.
Мессӣ бо арӯсаш 30 ноябри соли 2017 дар Аргентине тӯй барпо карданд.
© AP / Manu Fernandez Моҳи ноябри соли 2012, Лионел ва Антонелла писардор шуданд, ки Тиаго номаш карданд. Ба ифтихори ин рӯйдод футболбоз дар пои худ татуировка гузоштааст.
Моҳи ноябри соли 2012, Лионел ва Антонелла писардор шуданд, ки Тиаго номаш карданд. Ба ифтихори ин рӯйдод футболбоз дар пои худ татуировка гузоштааст.
© AP / Andres Kudacki Имрӯзҳо варзишкори аргентинӣ дар клуби фаронсавии "Пари Сен-Жермен" бозӣ мекунад.
Имрӯзҳо варзишкори аргентинӣ дар клуби фаронсавии "Пари Сен-Жермен" бозӣ мекунад.