https://sputnik.tj/20220624/gharqshavi-javon-tojik-tojikiston-1049479782.html
Ғарқшавии ду ҷавон дар обҳои Тоҷикистон: яке 18 дуюмӣ 16 сол дошт
Ғарқшавии ду ҷавон дар обҳои Тоҷикистон: яке 18 дуюмӣ 16 сол дошт
Sputnik Тоҷикистон
Дар обҳои Тоҷикистон ду ҷавон зимни оббозӣ ба ҳалокат расиданд. Ҷасади якеро сокинони маҳаллӣ дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карданд
2022-06-24T14:15+0500
2022-06-24T14:15+0500
2022-06-24T14:15+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кҳф
ғарқшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар обҳои кишвар ду ҷавон зимни оббозӣ ғарқ шуданд, ки яке 18 ва дуюмӣ 16 сола буданд. Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки ҳодисаи ҳузнангез бо ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, замоне рух додааст, ки ӯ ба аёдати хешу табораш рафта будааст.Ҳамин тавр, ҷавон ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта, ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.КҲФ мегӯяд, баъди дарёфти хабар, ба ҷои ҳодиса дастаи махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Раёсат дар вилояти Хатлон сафарбар гардидааст.Ҳодисаи дигари фоҷиабор, бо як навраси 16-сола рух додааст.Тибқи гузориши КҲФ, ӯ рӯзи 21-уми июн дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст. Ғарқшуда, сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, сабаби ғарқ шудани ҷавононро нагуфтааст.Ҷасади наврасро пас аз ду рӯзи ҷустуҷӯ, наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.Ин дар ҳолест, ки аз моҳи январ то 14 июн дар обҳои Тоҷикистон 56 кас ғарқ шуд, ки хурдтарини онҳо 4 сол дорад.Ғарқшавии 56 нафар дар обҳои Тоҷикистон: аз 4 то 35 солаКумитаи ҳолатҳои фавқулода пайваста бо муроҷиат ба мардуми кишвар қоидаҳои шиновариро мефаҳмонад ва дар маконҳои мамнуъ барои оббозӣ миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мекунад.Сабаби фоҷеаҳоро КҲФ беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта, волидонро дар беназоратии кӯдакон айбдор медонад.
https://sputnik.tj/20220614/tavsiyaho-khf-zinda-daryo-1049172444.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқшавӣ, оббозӣ, тоҷикистон
ғарқшавӣ, оббозӣ, тоҷикистон
Ғарқшавии ду ҷавон дар обҳои Тоҷикистон: яке 18 дуюмӣ 16 сол дошт
Дар обҳои Тоҷикистон ду ҷавон зимни оббозӣ ба ҳалокат расиданд. Ҷасади якеро сокинони маҳаллӣ дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар обҳои кишвар ду ҷавон зимни оббозӣ ғарқ шуданд, ки яке 18 ва дуюмӣ 16 сола буданд. Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳодисаи ҳузнангез бо ҷавони 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, замоне рух додааст, ки ӯ ба аёдати хешу табораш рафта будааст.
Ҳамин тавр, ҷавон ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта, ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
КҲФ мегӯяд, баъди дарёфти хабар, ба ҷои ҳодиса дастаи махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Раёсат дар вилояти Хатлон сафарбар гардидааст.
"Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ соати 18:30 дақиқа ҷасади номбурда 5 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳодисаи дигари фоҷиабор, бо як навраси 16-сола рух додааст.Тибқи гузориши КҲФ, ӯ рӯзи 21-уми июн дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст.
Ғарқшуда, сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, сабаби ғарқ шудани ҷавононро нагуфтааст.
Ҷасади наврасро пас аз ду рӯзи ҷустуҷӯ, наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурдаанд.
Ин дар ҳолест, ки аз моҳи январ то 14 июн дар обҳои Тоҷикистон 56 кас ғарқ шуд, ки хурдтарини онҳо 4 сол дорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода пайваста бо муроҷиат ба мардуми кишвар қоидаҳои шиновариро мефаҳмонад ва дар маконҳои мамнуъ барои оббозӣ миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор мекунад.
Сабаби фоҷеаҳоро КҲФ беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта, волидонро дар беназоратии кӯдакон айбдор медонад.