Душанбе яке аз машҳуртарин маконҳо барои истироҳати москвагиҳо шуд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Обуна шудан
Сокинони пойтахти Русия дар моҳи июни соли 2022 тақрибан 18 рӯзро дар хориҷа мегузаронанд, ба ин хотир барои сафару истироҳат ҳамсоякишварҳоро интихоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Туркия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Арманистон ва Қазоқистон дар қатори кишварҳои беҳтарини сафарҳои хориҷӣ миёни москвагиҳо қарор гирифтанд, хабар медиҳад, дафтари матбуотии "Яндекс.Путешествия".
Дар мавриди самтҳои ғарбӣ бошад, русҳо ба АМА, Исроил, Таиланд ва Миср бартарӣ доданд.
Аксарияти москвагиҳо - 74% - дар моҳи июн дар шаҳрҳои Русия истироҳат кардаанд. 13%-и дигар дар кишварҳои хориҷи дуру наздик.
Дар байни шаҳрҳои маъруфтарин Ереван, Анталия, Тошканд, Истамбул ва Душанбе ҳастанд.
Ва дар байни шаҳрҳои Русия - Сочи, Калининград, Санкт-Петербург, Минералные Воды ва Махачқалъа интихоб шудаанд.
Ба ҳисоби миёна сокинони пойтахти Русия тақрибан 18 рӯзро дар таътил мегузаронанд. Арзиши тахминии як парвоз бо бозгашт аз Маскав:
Қирғизистон – 21,2 ҳазор рубл;
Ӯзбекистон - 24 ҳазор рубл;
Тоҷикистон – 25,8 ҳазор рубл;
Арманистон - 28,5 ҳазор рубл;
Қазоқистон - 31,8 ҳазор рубл;
Туркия - 41,8 ҳазор рубл;
Озарбойҷон - 46 ҳазор рубл;
АМА - 48,5 ҳазор рубл;
Исроил - 57,8 ҳазор рубл;
Таиланд - 62,4 ҳазор рубл буд.
Таҳлилгарон қайд карданд, ки шумораи парвозҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ нисбат ба моҳи июни соли 2021 - 9% коҳиш ёфтааст.
Сайёҳони русиягӣ таътили солинавиро дар Тоҷикистон гузарониданд
Ин ба боздоштани фаъолияти фурудгоҳҳои ҷанубии Федератсияи Русия вобаста аст. Аммо шумораи парвозҳо ба хориҷа дар тӯли ин муддат 3 баробар афзоиш ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0