https://sputnik.tj/20220624/dastur-ahmadzoda-isloh-jabbor-rasulov-1049475366.html
Дастури Аҳмадзода барои ислоҳи камбудиҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дастури Аҳмадзода барои ислоҳи камбудиҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд зимни боздидаш аз ноҳияи Ҷаббор Расулов бо зикри пешрафтҳо дар бахши саноат, дар бораи камбудиҳои соҳа низ изҳори назар кард
2022-06-24T12:04+0500
2022-06-24T12:04+0500
2022-06-24T13:15+0500
саноат
дар тоҷикистон
суғд
раҷаббой аҳмадзода
сармоя
маблағ
ҷаббор расулов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009358_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_06d9ba987afb4efaf9556a615cc8e0a5.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар соҳаи саноати ноҳияи Ҷаббор Расулов як қатор мушкилоти ҷиддӣ ҷой доранд, ки бидуни бартараф намудани онҳо рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намудан душвор мебошад.Ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо фаъолони ноҳия баён дошт. Ӯ зарур хонд, ки барои истифодаи самараноки майдонҳои истеҳсолӣ, бинову иншоот ва дигар иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳо, маблағгузориҳои мақсаднок равона карда шавад. Дар мавриди сарчашмаи маблағ, таъкид шуд, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия куллан ҷоннок карда шавад. Зарур хонда шудаст, ки бо истифода аз василаҳои зикршуда диверсификатсияи истеҳсолот таъмин карда шавад.Ин таъкиди раиси Суғд дар ҳолест, ки давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи умумии 75,1 млн сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,9 млн сомонӣ ё 27% зиёд арзёбӣ мегардад. Раиси Суғд аз масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов хостааст, ки дар амалӣ гардондани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ муносибати ҷиддӣ кунанд. Таъкиди Аҳмадзода ба рушди саноат дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи стратегӣ қарор дода, барои татбиқи он барномаи давлатӣ низ қабул кард.
https://sputnik.tj/20220619/kirmakparvari-tojikiston-sabuki-1049333579.html
суғд
ҷаббор расулов
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/1b/1048009358_72:0:1889:1363_1920x0_80_0_0_89e17e20302cfb8d9cde2dda827eab8c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раис, суғд, камбудӣ, ҷаббор расулов, камбудӣ
раис, суғд, камбудӣ, ҷаббор расулов, камбудӣ
Дастури Аҳмадзода барои ислоҳи камбудиҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
12:04 24.06.2022 (Навсозишуда: 13:15 24.06.2022) Раиси вилояти Суғд зимни боздидаш аз ноҳияи Ҷаббор Расулов бо зикри пешрафтҳо дар бахши саноат дар бораи камбудиҳои соҳа низ изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар соҳаи саноати ноҳияи Ҷаббор Расулов як қатор мушкилоти ҷиддӣ ҷой доранд, ки бидуни бартараф намудани онҳо рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намудан душвор мебошад.
Ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо фаъолони ноҳия баён дошт.
Ӯ зарур хонд, ки барои истифодаи самараноки майдонҳои истеҳсолӣ, бинову иншоот ва дигар иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳо, маблағгузориҳои мақсаднок равона карда шавад.
Дар мавриди сарчашмаи маблағ, таъкид шуд, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия куллан ҷоннок карда шавад.
Зарур хонда шудаст, ки бо истифода аз василаҳои зикршуда диверсификатсияи истеҳсолот таъмин карда шавад.
Ин таъкиди раиси Суғд дар ҳолест, ки давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба маблағи умумии 75,1 млн сомонӣ расонида шуд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,9 млн сомонӣ ё 27% зиёд арзёбӣ мегардад.
Раиси Суғд аз масъулини ноҳияи Ҷаббор Расулов хостааст, ки дар амалӣ гардондани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ муносибати ҷиддӣ кунанд.
Таъкиди Аҳмадзода ба рушди саноат дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакатро ҳадафи стратегӣ қарор дода, барои татбиқи он барномаи давлатӣ низ қабул кард.