https://sputnik.tj/20220624/afzoish-hajm-borkashoni-tojikiston-1049494369.html
Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар Тоҷикистон
Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Аз аввали соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми мубодилаи молу коло, аз ҷумла бо роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ 15,4 фоиз афзудааст
2022-06-24T20:10+0500
2022-06-24T20:10+0500
2022-06-24T20:10+0500
ҳаҷм
боркашонӣ
дар тоҷикистон
қатора
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_652:523:2288:1443_1920x0_80_0_0_da68a4d1e156fb1890edf61e08590916.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Аз аввали сол дар Тоҷикистон теъдоди ҳамлу нақли бор тавассути тамоми навъҳои нақлиёт афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раёсатҳои марбута.Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то майи соли 2022 дар кишвар беш аз 37,7 миллион тонна бор интиқол дода шудааст. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 15,4% бештар аст. Бо нақлиёти автомобилӣ зиёда аз 35,4 миллион тонна бор кашонда шуд, ки ин назар ба панҷ моҳи соли гузашта 16,3 фоиз зиёд аст. Бояд қайд кард, ки ҳиссаи воситаҳои нақлиёт 94%-и ҳаҷми умумии борҳои интиқолшударо ташкил медиҳад. Бо роҳи ҳавоӣ 223 тонна бор кашонда шудааст. Ва тариқи роҳи оҳан дар як сол зиёда аз 2,2 миллион тонна бор кашонда шуд. Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон имкони истифодаи бузургтарин бандарҳои баҳрии Эрон - Чеҳбаҳор ва Бандар Аббосро ба унвони як долони транзити нақлиётӣ баррасӣ кардааст. Афзоиши даҳбаробарии борбарӣ дар ТоҷикистонДушанбе ба дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ барои интиқоли коло ва маҳсулот таваҷҷҳи хосса дорад.
https://sputnik.tj/20220503/maruftarin-naqliyot-tojikiston-1048150063.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040882771_758:444:2245:1559_1920x0_80_0_0_d5b3bbca817b2917b8c030abf67d16fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамлу нақли бор, афзоиш, тоҷикистон
ҳамлу нақли бор, афзоиш, тоҷикистон
Афзоиши ҳаҷми боркашонӣ дар Тоҷикистон
Аз аввали соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми интиқоли молу коло, аз ҷумла бо роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ 15,4 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Аз аввали сол дар Тоҷикистон теъдоди ҳамлу нақли бор тавассути тамоми навъҳои нақлиёт афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад хабаргузории "Авеста" бо истинод ба раёсатҳои марбута.
Ҳамин тариқ, аз моҳи январ то майи соли 2022 дар кишвар беш аз 37,7 миллион тонна бор интиқол дода шудааст.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 - 15,4% бештар аст.
Бо нақлиёти автомобилӣ зиёда аз 35,4 миллион тонна бор кашонда шуд, ки ин назар ба панҷ моҳи соли гузашта 16,3 фоиз зиёд аст.
Бояд қайд кард, ки ҳиссаи воситаҳои нақлиёт 94%-и ҳаҷми умумии борҳои интиқолшударо ташкил медиҳад.
Бо роҳи ҳавоӣ 223 тонна бор кашонда шудааст. Ва тариқи роҳи оҳан дар як сол зиёда аз 2,2 миллион тонна бор кашонда шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуд, ки Тоҷикистон имкони истифодаи бузургтарин бандарҳои баҳрии Эрон - Чеҳбаҳор ва Бандар Аббосро ба унвони як долони транзити нақлиётӣ баррасӣ кардааст.
Душанбе ба дастрасӣ ба бандарҳои баҳрӣ барои интиқоли коло ва маҳсулот таваҷҷҳи хосса дорад.