https://sputnik.tj/20220623/reyting-fifa-tojikiston-bolo-1049452148.html
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон шаш зина боло рафт
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон шаш зина боло рафт
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон мавқеяшро дар радабандии нави ФИФА боло бурд. Ин ба шарофати комёбиҳояш дар бозиҳои гуруҳии Ҷоми Осиё даст дод
2022-06-23T16:40+0500
2022-06-23T16:40+0500
2022-06-23T20:18+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
рейтинги фифа
футбол
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048721798_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_9f4d65866128931e9f72ce12cebfe66f.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.Тоҷикистон, дар ин радабандӣ якбора шаш зина мақеяшро беҳтар карда, аз мақоми 114 ба зинаи 108 баромад.Тибқи нишондоди FIFA, яккачини Тоҷикистон бо 1179 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст, ки 19,68 хол зиёд нисбат ба нашри қаблӣ аст.Яккачини Тоҷикистон пас аз чандин муддат чунин пешравиро зери раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба даст овард.Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё Мянмар (4:0) ва Сингапурро (1:0) шикаст дода, бо Қирғизистон (0:0) мусовӣ кард.Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ чунин раддабандӣ шудаанд: Ӯзбакистон дар зинаи 77, Қирғизистон дар зинаи 95.Мунтахаби Қазоқистон 11 зина пеш рафта, кишвар дар ҷойи 114-ум қарор дорад. Туркманистон бошад, дар хатти 135-ум миёни Флиппин ва Руанда монд.Дар панҷгонаи беҳтаринҳо Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия қарор гирифтаанд.Аз дастаҳои осиёӣ Эрон пешсаф аст, ки бо 1557 имтиёз дар зинаи 23-юм ҷой гирифта, Ҷопону (24) Корея (28) пас аз он қарор гирифтаанд.Русия бошад, бо 1493 имтиёз дар мақоми 35-ум қарор гирифтааст.Ёдовар мешавем, ки беҳтарин ҷой барои тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА 106-ум ва пойинтарин сутуне, ки мунтахаби ватанӣ дар он қарор дошт, дар ҷои 180-ум буд.Беҳтарин дастовардҳои охирини тими Тоҷикистон ишғоли зинаи аввал дар гуруҳаш дар Ҷоми КФО аст.
https://sputnik.tj/20220623/khujand-kfo-khojaev-omodagi-bozigaron-1049448266.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1a/1048721798_33:0:1461:1071_1920x0_80_0_0_c0e72123779806961c67693e93c3226e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рейтинг фифа тоҷикистон
Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон шаш зина боло рафт
16:40 23.06.2022 (Навсозишуда: 20:18 23.06.2022) Тоҷикистон мавқеяшро дар радабандии нави ФИФА боло бурд. Ин муваффақият ба шарофати комёбиҳояш дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Осиё ба даст омад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.
Тоҷикистон, дар ин радабандӣ якбора шаш зина мақеяшро беҳтар карда, аз мақоми 114 ба зинаи 108 баромад.
Тибқи нишондоди FIFA, яккачини Тоҷикистон бо 1179 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст, ки 19,68 хол зиёд нисбат ба нашри қаблӣ аст.
Яккачини Тоҷикистон пас аз чандин муддат чунин пешравиро зери раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба даст овард.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё Мянмар (4:0) ва Сингапурро (1:0) шикаст дода, бо Қирғизистон (0:0) мусовӣ кард.
Кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ чунин раддабандӣ шудаанд: Ӯзбакистон дар зинаи 77, Қирғизистон дар зинаи 95.
Мунтахаби Қазоқистон 11 зина пеш рафта, кишвар дар ҷойи 114-ум қарор дорад. Туркманистон бошад, дар хатти 135-ум миёни Флиппин ва Руанда монд.
Дар панҷгонаи беҳтаринҳо Бразилия, Белгия, Аргентина, Фаронса ва Англия қарор гирифтаанд.
Аз дастаҳои осиёӣ Эрон пешсаф аст, ки бо 1557 имтиёз дар зинаи 23-юм ҷой гирифта, Ҷопону (24) Корея (28) пас аз он қарор гирифтаанд.
Русия бошад, бо 1493 имтиёз дар мақоми 35-ум қарор гирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин ҷой барои тими миллии Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА 106-ум ва пойинтарин сутуне, ки мунтахаби ватанӣ дар он қарор дошт, дар ҷои 180-ум буд.
Беҳтарин дастовардҳои охирини тими Тоҷикистон ишғоли зинаи аввал дар гуруҳаш дар Ҷоми КФО аст.