https://sputnik.tj/20220623/medvedev-siyosatmadoron-gharb-1049441366.html
Медведев аз сиёсатмадорони Ғарб сахт интиқод кард
Медведев аз сиёсатмадорони Ғарб сахт интиқод кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Аврупо сиёсатмадори сатҳи Кол, Жак Ширак ва Маргарет Тэтчер боқӣ намондааст. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт
2022-06-23T12:54+0500
2022-06-23T12:54+0500
2022-06-23T15:32+0500
дмитрий медведев
дар русия
сиёсат
аврупо
олмон
жак ширак
фаронса
таҳримот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048673286_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_4f383b3a8c816e89e2f755ecc580e025.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сиёсатмадорони муосири Ғарб наметавонанд масъулиятро ба дӯш гиранд, пинҳон мешаванду бозӣ мекунанд, аммо тасмим намегиранд, навиштааст Дмитрий Медведев дар шабакаи Telegramm-ии худ. Ба ақидаи ӯ, дар Аврупо дар сатҳи собиқ садри аъзами Олмон Ҳелмут Кол, президенти собиқи Фаронса Жак Ширак ё сарвазири собиқи Бритониёи Кабир Маргарет Тэтчер сиёсатмадоре боқӣ намондааст, менависад РИА "Новости"."Ман муддати тӯлонӣ бо раҳбарони хориҷӣ суҳбат мекунам ва мебинам, ки то чӣ андоза сатҳи сиёсатмадорони Ғарб поин рафтааст. Ин воқеа дар бист соли охир дар пеши чашми ман рӯй дод. Маълум аст, ки сиёсатмадорони сатҳи Ҳелмут Кол, Жак Ширак ё Маргарет Тэтчер дар Авруподигар нест. Албатта, сухан дар бораи онҳое нест, ки гоҳе аз чеҳраҳои тарафдори Русия ном бурда мешуданд, ҳарчанд сиёсатмадорони қавӣ ҳеҷ гоҳ русофоб набудаанд. Гап комилан сари дигар чиз аст”,-навиштааст Медведев. Ба андешаи ӯ, сиёсатмадороне, ки як роҳи пурқудрати сиёсиро таҷассум кардаанд, бо технократҳое иваз карда шуданд, ки ба қабули қарор омода нестанд. "Қабати сиёсии одамоне, ки як роҳи пурқудрати сиёсӣ ва баъзан як давраи томро таҷассум мекарданд, бо одамоне, ки маъмулан худро технократ меноманд, иваз карда шуд. Баъзеи онҳо мутахассисони соҳибихтисос ҳастанд, аммо на бештар аз ин. Ва ин гуна одамон қодиранд, ки идеяро дуруст баён кунанд, ба зердастонашон дастурҳои дақиқ диҳанд, вале масъулиятро ба души худ гирифта наметавонанд, пинҳон мешаванд, бозӣ мекунанд, ба дастурҳо, вазъият, ҳатто ба тағйирёбии иқлим истинод мекунанд, вале тасмим намегиранд. Ё ин ки бо таъхири фоҷеъабор қарор қабул мекунанд”, - бовар дорад Медведев. Медведев ба имкони музокирот бо Украина дар моҳи август шубҳа дорадВай афзуд, ки сиёсатмадори ҳақиқӣ аз қабули қарор наметарсад. "Бале, ӯ метавонад хато кунад ва ҳатто мағлуб шавад. Аммо ин талафоти арзанда хоҳад буд". "Ҳар як роҳбар беназир аст, аммо сиёсатмадор касест, ки қодир аст тасмими номатлуб қабул кунад ва барои он масъул бошад. Ва бояд дарк кунад, ки муносибатҳои байналмилалӣ, ин дафтари директори мактабҳои музофотии аврупоӣ нест, ки дар он талабаҳо муҷозот мешаванд”, - таъкид кард Медведев.
https://sputnik.tj/20220606/medvedev-avrupo-naft-rusiya-justuju-1048966924.html
аврупо
олмон
фаронса
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048673286_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d2be82c9a7384e3d22026a6e8245bbdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дмитрий медведев, фаронса, сиёсат, аврупо
дмитрий медведев, фаронса, сиёсат, аврупо
Медведев аз сиёсатмадорони Ғарб сахт интиқод кард
12:54 23.06.2022 (Навсозишуда: 15:32 23.06.2022) Дар Аврупо сиёсатмадороне дар сатҳи Кол, Жак Ширак ва Маргарет Тэтчер боқӣ намондаанд. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия гуфт
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Сиёсатмадорони муосири Ғарб наметавонанд масъулиятро ба дӯш гиранд, пинҳон мешаванду бозӣ мекунанд, аммо тасмим намегиранд, навиштааст Дмитрий Медведев дар шабакаи Telegramm-ии худ.
Ба ақидаи ӯ, дар Аврупо дар сатҳи собиқ садри аъзами Олмон Ҳелмут Кол, президенти собиқи Фаронса Жак Ширак ё сарвазири собиқи Бритониёи Кабир Маргарет Тэтчер сиёсатмадоре боқӣ намондааст, менависад РИА "Новости".
"Ман муддати тӯлонӣ бо раҳбарони хориҷӣ суҳбат мекунам ва мебинам, ки то чӣ андоза сатҳи сиёсатмадорони Ғарб поин рафтааст. Ин воқеа дар бист соли охир дар пеши чашми ман рӯй дод. Маълум аст, ки сиёсатмадорони сатҳи Ҳелмут Кол, Жак Ширак ё Маргарет Тэтчер дар Авруподигар нест. Албатта, сухан дар бораи онҳое нест, ки гоҳе аз чеҳраҳои тарафдори Русия ном бурда мешуданд, ҳарчанд сиёсатмадорони қавӣ ҳеҷ гоҳ русофоб набудаанд. Гап комилан сари дигар чиз аст”,-навиштааст Медведев.
Ба андешаи ӯ, сиёсатмадороне, ки як роҳи пурқудрати сиёсиро таҷассум кардаанд, бо технократҳое иваз карда шуданд, ки ба қабули қарор омода нестанд.
"Қабати сиёсии одамоне, ки як роҳи пурқудрати сиёсӣ ва баъзан як давраи томро таҷассум мекарданд, бо одамоне, ки маъмулан худро технократ меноманд, иваз карда шуд. Баъзеи онҳо мутахассисони соҳибихтисос ҳастанд, аммо на бештар аз ин. Ва ин гуна одамон қодиранд, ки идеяро дуруст баён кунанд, ба зердастонашон дастурҳои дақиқ диҳанд, вале масъулиятро ба души худ гирифта наметавонанд, пинҳон мешаванд, бозӣ мекунанд, ба дастурҳо, вазъият, ҳатто ба тағйирёбии иқлим истинод мекунанд, вале тасмим намегиранд. Ё ин ки бо таъхири фоҷеъабор қарор қабул мекунанд”, - бовар дорад Медведев.
Вай афзуд, ки сиёсатмадори ҳақиқӣ аз қабули қарор наметарсад. "Бале, ӯ метавонад хато кунад ва ҳатто мағлуб шавад. Аммо ин талафоти арзанда хоҳад буд".
"Ҳар як роҳбар беназир аст, аммо сиёсатмадор касест, ки қодир аст тасмими номатлуб қабул кунад ва барои он масъул бошад. Ва бояд дарк кунад, ки муносибатҳои байналмилалӣ, ин дафтари директори мактабҳои музофотии аврупоӣ нест, ки дар он талабаҳо муҷозот мешаванд”, - таъкид кард Медведев.