https://sputnik.tj/20220623/kreml-shart-barqaror-sulh-ukrainaro-1049456722.html
Кремл шарти барқарор шудани сулҳ дар Украинаро гуфт
Кремл шарти барқарор шудани сулҳ дар Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан яке аз низомиёни собиқи Амрико тарҳи аз 15 банди иборат аз ҳалли низоъ дар атрофи Украинаро пешниҳод карда буд
2022-06-23T18:30+0500
2022-06-23T18:30+0500
2022-06-23T20:21+0500
дар русия
кремл
шартгузорӣ
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048214503_0:180:3005:1870_1920x0_80_0_0_af331e2ffc81480bf23f00afbe87cc94.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Агар Киев тамоми талаботи ҷониби Русияро иҷро кунад, нақшаи сулҳ барои Украина имконпазир аст.Дар ин бора намояндаи расмии Кремл Дмитрий Песков хабар дод.Қаблан муаллифи маҷаллаи The National Interest, коршинос ва собиқ низомӣ Дэвид Пайн тарҳи ҳалли вазъ дар атрофи Украина, аз ҷумла эълони мақоми бетарафии ин кишварро пешниҳод карда буд.Ба гуфтаи коршинос, мавқеи Украина дар музокирот заиф мешавад, вале расонаҳои ғарбӣ ҳамоно "иштибоҳан аз пирӯзии Украина" хабар медиҳанд. Дар робита ба ин, ӯ нақшаи худро аз 15 банд пешниҳод кард, ки "воқеътарин барои Украина" аст.Зимнан, хабарнигорон аз сухангӯи Кремл дар мавриди нақшаи пешниҳодкардаи собиқ низомии Амрико пурсиданд ва суол гузоштанд, ки оё Кремл бо мундариҷаи нақша шинос шуд ё на. Ба гуфтаи Песков, "Кремл бо нақшаи ҳалли низоъ дар Украина, ки дар як маҷаллаи амрикоӣ нашр шудааст, ошно нашудааст. Сухангӯи Кремл дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди талаботҳои Русия гуфт, "Украина ҳама чизро хуб медонад".
https://sputnik.tj/20220408/peskov-hadaf-amaliyoti-nizomi-ukraina-peshgiri-jangi-jahonii-1047455359.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/05/1048214503_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a0ae433d1763f4a6d64f1480413a9600.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина кремл шарт сулҳ
Кремл шарти барқарор шудани сулҳ дар Украинаро гуфт
18:30 23.06.2022 (Навсозишуда: 20:21 23.06.2022) Қаблан яке аз низомиёни собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарҳи иборат аз 15 банд барои ҳалли низоъ дар Украинаро пешниҳод карда буд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Агар Киев тамоми талаботи ҷониби Русияро иҷро кунад, нақшаи сулҳ барои Украина имконпазир аст.
Дар ин бора намояндаи расмии Кремл Дмитрий Песков хабар дод.
Қаблан муаллифи маҷаллаи The National Interest, коршинос ва собиқ низомӣ Дэвид Пайн тарҳи ҳалли вазъ дар атрофи Украина, аз ҷумла эълони мақоми бетарафии ин кишварро пешниҳод карда буд.
Ба гуфтаи коршинос, мавқеи Украина дар музокирот заиф мешавад, вале расонаҳои ғарбӣ ҳамоно "иштибоҳан аз пирӯзии Украина" хабар медиҳанд. Дар робита ба ин, ӯ нақшаи худро аз 15 банд пешниҳод кард, ки "воқеътарин барои Украина" аст.
Зимнан, хабарнигорон аз сухангӯи Кремл дар мавриди нақшаи пешниҳодкардаи собиқ низомии Амрико пурсиданд ва суол гузоштанд, ки оё Кремл бо мундариҷаи нақша шинос шуд ё на.
Ба гуфтаи Песков, "Кремл бо нақшаи ҳалли низоъ дар Украина, ки дар як маҷаллаи амрикоӣ нашр шудааст, ошно нашудааст.
"Не, мо имкони шинос шуданро надоштем. Сулҳ замоне дар Украина барқарор мешавад, агар ҳамаи талаботҳои Русия иҷро карда шавад", - таъкид дошт ӯ.
Сухангӯи Кремл дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди талаботҳои Русия гуфт, "Украина ҳама чизро хуб медонад".