https://sputnik.tj/20220623/intikhobot-vmkb-vakilon-1049451881.html
Интихобот дар ВМКБ: ба ҷойи вакилони хориҷшуда масъулини нав меоянд
Интихобот дар ВМКБ: ба ҷойи вакилони хориҷшуда масъулини нав меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳавзаҳои бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҷои вакилони хориҷшуда, масъулини нав интихоб мешаванд
2022-06-23T16:20+0500
2022-06-23T16:20+0500
2022-06-23T20:13+0500
интихобот
дар тоҷикистон
сиёсат
вмкб
комиссия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/48/1027344892_0:0:2908:1635_1920x0_80_0_0_867bc74b400a0371e1082052c82dacd1.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар ҳавзаҳои интихоботии ВМКБ №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.Ин интихобот ба мақсади интихоб шудани масъулини нав ба ивази вакилони хориҷшуда гузаронида мешавад.Рӯзи баргузории интихобот, 26 августи соли 2022 муқаррар шудааст.Дар ин хусус Қарори Комиссияи марказии интихоботӣ аз 22 июн ба тасвиб шудааст, хабар медиҳад, АМИТ "Ховар" бо такя ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ, 22 июн ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст.Дар ин ҷаласа, масъалаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ба ивази аъзои хориҷшуда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ шудааст.Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19 июн, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони таъйини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро имзо кард.Бар асоси фармон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки тайи 7 моҳи охир иҷрокунандаи вазифа буд, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардидаст. Дар мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз моҳи ноябри соли гузашта фаъолият дорад.Аз Данғара вакили нав вориди парлумон мешавадӮ дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзовро иваз намуда буд.
https://sputnik.tj/20220619/farmon-prezident-tayin-rais-vmkb-1049323848.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102734/48/1027344892_73:0:2661:1941_1920x0_80_0_0_7f51999c549234645f8050ed88992505.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
интихобот, вакилон, нав, вмкб
интихобот, вакилон, нав, вмкб
Интихобот дар ВМКБ: ба ҷойи вакилони хориҷшуда масъулини нав меоянд
16:20 23.06.2022 (Навсозишуда: 20:13 23.06.2022) Дар ҳавзаҳои бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ҷойи вакилони пешин вукалои нав интихоб мешаванд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар ҳавзаҳои интихоботии ВМКБ №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ин интихобот ба мақсади интихоб шудани масъулини нав ба ивази вакилони хориҷшуда гузаронида мешавад.
Рӯзи баргузории интихобот, 26 августи соли 2022 муқаррар шудааст.
Дар ин хусус Қарори Комиссияи марказии интихоботӣ аз 22 июн ба тасвиб шудааст, хабар медиҳад, АМИТ "Ховар" бо такя ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, 22 июн ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудааст.
Дар ин ҷаласа, масъалаи интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ба ивази аъзои хориҷшуда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 мавриди баррасӣ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 19 июн, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармони таъйини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро имзо кард.
Бар асоси фармон, Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ки тайи 7 моҳи охир иҷрокунандаи вазифа буд, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардидаст. Дар мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ, Алишер Мирзонабот аз моҳи ноябри соли гузашта фаъолият дорад.
Ӯ дар мақоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзовро иваз намуда буд.