Дар Душанбе мусаввараҳои рассомони русро ба намоиш гузоштанд

© Sputnik Выставка русской живописи в Национальном музее Таджикистана
Выставка русской живописи в Национальном музее Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Дар намоиш 62 адад мусаввараи 50 рассоми рус аз қабили Айвазовский, Кустодиев, Репин, Левитан, Серов, Дейнека ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Душанбе мусаввараҳои рассомони рус ба маърази тамошо гузошта шуд.
Намоиши рассомони рус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт ва он ба ифтихори 30 -солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Русия доир шуд. Ин намош то охирҳои моҳи август давом меёбад.
Дар намоиш 62 адад мусаввараҳои 50 рассоми рус аз қабили Айвазовский, Кустодиев, Репин, Левитан, Серов, Дейнека, Пименов ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати фарҳанг, ВУХ, Академияи миллии илмҳо, Иттифоқи рассомоништирок намуданд.
Ҳамчунин дар намоиш намояндагони нӯҳ сафорати кишварҳои хориҷ дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки "ҳадаф аз баргузор намудани намоиш инъикос намудани робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Русия буда, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳли ҷомеа мебошад".
Лентаи хабарҳо
0