Юрий Шатунов даргузашт

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПремьера фильма "Ласковый май"
Премьера фильма Ласковый май - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Сарояндаи гурӯҳи машҳури "Ласковый май", ки авоили солҳои 90-уми асри гузашта зуҳур кард, дар вилояти Маскав бар асари дарди дил даргузашт
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Яккасарои гурӯҳи "Ласковый май" Юрий Шатунов аз олам даргузашт. Ӯ 48-сола буд.
Бино ба гузоришҳои таъйиднашуда, сароянда дар роҳ ба бемористон дар дохили мошини "Ёрии таъҷилӣ" ҷон бохтааст. Бино ба гузориши РИА "Новости", дили сароянда аз кор бозмондааст.

Тарҷумаи ҳоли Юрий Шатунов

Шатунов 6 сентябри соли 1973 дар Кумертауи Бошқирдистон ба дунё омадааст.
Моҳи октябри соли 1986 Юрий бо роҳбари маҳфили мусиқӣ Сергей Кузнетсов вохӯрд, ки он вақт барои сурудҳои худ сароянда меҷуст. Дере нагузашта ҳайати якуми гурӯҳи "Ласковый май" ташкил ёфт.
Машҳуртарин хитҳои гурӯҳ аз соли 1986 то соли 1988 офарида шудаанд: инҳо "Белые розы" (Садбаргҳои сафед", "Лето" (Тобистон), "Пусть будет ночь" (Бигзор шаб бошад), "Седая ночь" (Шаби сафед), "Ну, что же ты…" (Хайр, ту чӣ...), "Тающий снег" (Барфи обшуда).
Юрий Шатунов ва гурӯҳи "Ласковый май" хеле маъруф шуданд. Онҳо дар як рӯз то 8 консерт медоданду дар як моҳ беш аз 40 барнома барпо мекарданд.
Суханони охирин пеш аз марг: видеои ҳайратангези Пиер аз беморхона
Ин гурӯҳ соли 1991, пас аз он ки Юрий Шатунов аз он хориҷ шуд, пароканда шуд.
Дарҳол пас аз ин Шатунов ба Олмон рафт ва дар онҷо ба ҳайси коргардони садо таҳсил кард.
Соли 1992 ӯ албоми худро сабт кард.Баъд аз ин, дар солҳои гуногун консертҳо баргузор карда сафарҳои зиёди ҳунарӣ дошту, сурудҳои нав эҷод мекард ва дар лоиҳаҳои гуногуни телевизионӣ ва филмҳо ширкат кард.
Даргузашти ситораи лоиҳаи "Фабрика звезд" Пиер Нарсисс
Ӯ охирин треки мусиқиро бо номи "Не спорь со мной" (Бо ман баҳс накун) дар соли 2022 сабт кардааст.
Лентаи хабарҳо
0