Афзоиши мизони ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМеры безопасности в московском метро
Меры безопасности в московском метро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Русия афзоиши назарраси қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро сабт кардааст
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Теъдоди ҷиноятҳои содиркардаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 9,5% афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба маводи Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи вазъи ҷинояткорӣ дар моҳҳои январ-майи соли 2022 хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Русия 17 ҳазор ҷиноят, аз ҷумла 13,9 ҳазор ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони ИДМ содир шудааст.
Тибқи маводи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шумораи қонуншиканиҳо миёни шаҳрвандони ИДМ нисбат ба соли қаблӣ14,6 фоиз зиёд шуда, ҳиссаи онҳо 81,9 фоизро ташкил додааст.
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Пешниҳоди ҷорӣ кардани имтиҳони шифоҳӣ барои муҳоҷирон дар Русия
Дар ҳамин ҳол, шумори ҷиноятҳо алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ 8% афзуда, 6,5 ҳазорро ташкил додааст.
Инчунин аз маълумоти Вазорати корҳои дохилӣ бармеояд, ки дар 5 моҳи соли 2022 шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ба қайди муҳоҷират гузошташуда нисбат ба соли гузашта қариб ду баробар зиёд шуда, беш аз 6,6 миллион нафарро ташкил додааст.
Дар баробари ин теъдоди патенту иҷозаи кор барои муҳоҷирони корӣ низ афзоиш ёфтааст. Шумораи онҳо мутаносибан 845,4 ва 35 ҳазор нафар будааст.
Маврид ба зикр аст, ки дар Русия минбаъд шаҳрвандоне, ки собиқаи ҷиноии тозанашуда доранд, аз ҳаққи ҳамлу нақли мусофирон маҳрум карда мешаванд. Онҳо ба ҳайси ронандаи таксӣ ба кор гирифта намешаванд - ин ташаббус ҳам ба русҳо ва ҳам ба муҳоҷирони корӣ дахл дорад.
Лентаи хабарҳо
0