https://sputnik.tj/20220622/zilzila-afghoniston-kushta-zakhmi-viloyat-paktiko-1049407858.html
Зилзила дар Афғонистон: дастикам 255 кушта ва садҳо захмӣ дар вилояти Пактико
Зилзила дар Афғонистон: дастикам 255 кушта ва садҳо захмӣ дар вилояти Пактико
Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи заминларзае, ки шаби гузашта дар чаҳор вулуволии вилояти Пактикои Афғонистон рух дод садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд
2022-06-22T11:29+0500
2022-06-22T11:29+0500
2022-06-22T14:04+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
заминларза
зилзила
кушта
захмӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1b/1031804177_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_3a747a7c457ff4324501a4e2321e1639.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тибқи иттилои сойти “Алҷазира”, заминларзае, ки шаби гузашта дар Афғонистон сурат гирифт, дастикам 250 кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ бар ҷо гузоштааст.Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, зилзила бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.Манбаъ дар истинод ба шоҳидони маҳаллӣ хабар додааст, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон заминларзаро эҳсос кардаанд.Мақомоти давлати толибон ҷон бохтани шумори зиёде аз сокинони чаҳор вулусволии вилояти Пактико ва тахриби хонаҳро тасдиқ карданд.Билол Каримӣ, сухангӯии давлати толибон дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки “муттаассифона, шаби гузашта зилзилаи шадид дар чаҳор вулусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”.“Мо аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷеаи бештаре ба минтақа эъзом кунанд”,- гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/1b/1031804177_105:0:2834:2047_1920x0_80_0_0_3b2ea2fa5b7551fd530b36e61a5cc0da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, зилзила, кушта, захмӣ, пактико, заминларза
афғонистон, зилзила, кушта, захмӣ, пактико, заминларза
Зилзила дар Афғонистон: дастикам 255 кушта ва садҳо захмӣ дар вилояти Пактико
11:29 22.06.2022 (Навсозишуда: 14:04 22.06.2022) Дар натиҷаи заминларзае, ки шаби гузашта дар чаҳор вулусволии вилояти Пактикои Афғонистон рух дод, садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тибқи иттилои сойти “Алҷазира”, заминларзае, ки шаби гузашта дар Афғонистон сурат гирифт, дастикам 250 кушта ва беш аз 500 нафар захмӣ бар ҷо гузоштааст.
Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, зилзила бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.
Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.
Манбаъ дар истинод ба шоҳидони маҳаллӣ хабар додааст, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон заминларзаро эҳсос кардаанд.
Мақомоти давлати толибон ҷон бохтани шумори зиёде аз сокинони чаҳор вулусволии вилояти Пактико ва тахриби хонаҳро тасдиқ карданд.
Билол Каримӣ, сухангӯии давлати толибон дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки “муттаассифона, шаби гузашта зилзилаи шадид дар чаҳор вулусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”.
“Мо аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷеаи бештаре ба минтақа эъзом кунанд”,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.