https://sputnik.tj/20220622/uzbekiston-nishast-mavzu-afghoniston-barguzor-1049411036.html
Ӯзбекистон нишасти байналмилалӣ бо мавзуи Афғонистон баргузор мекунад
Ӯзбекистон нишасти байналмилалӣ бо мавзуи Афғонистон баргузор мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ӯзбакистон моҳи оянда нишасте бо мавзуи Афғонистон ташкил мекунад ва ин нишаст бо ҳузури намояндагони муҳими кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор мегардад
2022-06-22T12:40+0500
2022-06-22T12:40+0500
2022-06-22T13:49+0500
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
афғонистон
толибон
нишаст
байналмилалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102788/14/1027881466_0:0:1201:676_1920x0_80_0_0_fa2944532c2e0174d61e740e2804c53b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тошканд аз Кобул низ барои ширкат дар ин нишаст даъват кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА дар истинод ба “TOLONews”.Тибқи иттилои манбаъ, мушовири амнияти миллии Ӯзбекистон эълом кард, ки Тошканд алоқаманд аст то дар заминаҳои амнияти минтақаӣ, беҳбуди авзои иқтисодӣ ва ҳамкории сиёсӣ бо Кобул музокира кунад.Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи толибон ахиран эълом кард, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи давлати толибон дар раси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ барои ширкат дар ин нишаст ба Ӯзбекистон сафар хоҳад кард.Мушовири амнияти миллии Узбекистон дар дидор бо Амирхон Муттақӣ ҷузъиётро дар бораи нишасте, ки қарораст дар Тошканд баргузор шавад, матраҳ кард ва аз вай барои ширкат дар ин нишасти даъват ба амал оварад.Ҳануз мушаххас нест, ки намояндагони кадоми кишварҳо дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард ва ҳамчунин дастури ҷаласаи ин нишаст чист, аммо мушовири амнияти миллии Ӯзбекистон дар дидор бо мақомҳои толибон эълом кард, ки Тошканд моил аст дар мавриди равобити ду ҷониба миёни ду кишвар, амнияти минтақаӣ, тақвияти тронзиту бозаргонӣ ва масоили сиёсии Афғонистон дар ин нишаст гуфтугӯ кунад.Дар моҳҳои гузашта, бархе аз кишварҳо барои ҳали масоили ҷорӣ дар Афғонистони нишастҳои байналмилалӣ баргузор кардаанд, ки дар бештари онҳо аз мақомҳои Афғонистон низ барои ширкат даъват шудааст.Дар даҳ моҳи пасин кишварҳои зиёде ба шумули созмонҳои ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид барои ҳали масоили ҷорӣ дар Афғонистон нишастҳои ҷаҳониро баргузор кардаанд, ки дар бештари ин нишастҳо аз мақомҳои ҳукуматӣ сарпараст низ даъват шудааст, аммо ин нишастҳо чиқадр ба суди авзои Афғонистон будаанд?Дар ҳамин ҳол, Мавлудаи Тавоноӣ, мудофеи ҳуқуқи занони Афғонистон гуфт, ки баргузории ин нишастҳо ҳеҷ суде ба ҳоли занон надорад ва агар мехоҳанд садои занон ва дардашон дар Афғонистон шунида шавад, бояд занон низ ба ин нишастҳо даъват шавад.Бо гузашт беш аз 10 моҳ пас аз ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон аксарияти кишварҳо ҳануз ҳукумати ин гуруҳро ба расмият нашинохтаанд.
https://sputnik.tj/20220618/uzbekiston-naqbho-qochoq-kashf-1049310995.html
https://sputnik.tj/20220614/vazorat-natoij-muzokirot-marz-tojikiston-uzbekiston-1049179325.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102788/14/1027881466_0:0:1065:799_1920x0_80_0_0_ca2642acdc244bd1bf16ea5320a65007.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, афғонистон, толибон, нишаст, байналмилалӣ, баргузор
ӯзбекистон, афғонистон, толибон, нишаст, байналмилалӣ, баргузор
Ӯзбекистон нишасти байналмилалӣ бо мавзуи Афғонистон баргузор мекунад
12:40 22.06.2022 (Навсозишуда: 13:49 22.06.2022) Ӯзбекистон моҳи оянда нишасте бо мавзуи Афғонистон ташкил мекунад, ки ин нишаст бо ҳузури намояндагони муҳими кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тошканд аз Кобул низ барои ширкат дар ин нишаст даъват кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА дар истинод ба “TOLONews”.
Тибқи иттилои манбаъ, мушовири амнияти миллии Ӯзбекистон эълом кард, ки Тошканд алоқаманд аст то дар заминаҳои амнияти минтақаӣ, беҳбуди авзои иқтисодӣ ва ҳамкории сиёсӣ бо Кобул музокира кунад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи толибон ахиран эълом кард, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи давлати толибон дар раси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ барои ширкат дар ин нишаст ба Ӯзбекистон сафар хоҳад кард.
Мушовири амнияти миллии Узбекистон дар дидор бо Амирхон Муттақӣ ҷузъиётро дар бораи нишасте, ки қарораст дар Тошканд баргузор шавад, матраҳ кард ва аз вай барои ширкат дар ин нишасти даъват ба амал оварад.
Ҳануз мушаххас нест, ки намояндагони кадоми кишварҳо дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард ва ҳамчунин дастури ҷаласаи ин нишаст чист, аммо мушовири амнияти миллии Ӯзбекистон дар дидор бо мақомҳои толибон эълом кард, ки Тошканд моил аст дар мавриди равобити ду ҷониба миёни ду кишвар, амнияти минтақаӣ, тақвияти тронзиту бозаргонӣ ва масоили сиёсии Афғонистон дар ин нишаст гуфтугӯ кунад.
Дар моҳҳои гузашта, бархе аз кишварҳо барои ҳали масоили ҷорӣ дар Афғонистони нишастҳои байналмилалӣ баргузор кардаанд, ки дар бештари онҳо аз мақомҳои Афғонистон низ барои ширкат даъват шудааст.
Дар даҳ моҳи пасин кишварҳои зиёде ба шумули созмонҳои ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид барои ҳали масоили ҷорӣ дар Афғонистон нишастҳои ҷаҳониро баргузор кардаанд, ки дар бештари ин нишастҳо аз мақомҳои ҳукуматӣ сарпараст низ даъват шудааст, аммо ин нишастҳо чиқадр ба суди авзои Афғонистон будаанд?
Дар ҳамин ҳол, Мавлудаи Тавоноӣ, мудофеи ҳуқуқи занони Афғонистон гуфт, ки баргузории ин нишастҳо ҳеҷ суде ба ҳоли занон надорад ва агар мехоҳанд садои занон ва дардашон дар Афғонистон шунида шавад, бояд занон низ ба ин нишастҳо даъват шавад.
Бо гузашт беш аз 10 моҳ пас аз ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон аксарияти кишварҳо ҳануз ҳукумати ин гуруҳро ба расмият нашинохтаанд.