https://sputnik.tj/20220622/uzbekiston-mardum-motamzada-afghoniston-izhor-hamdardi-1049435624.html
Ӯзбекистон ба мардуми мотамзадаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард
Ӯзбекистон ба мардуми мотамзадаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон изҳори омодагӣ намудааст, ки ин кишвар ба мардуми мотамзадаи Афғонистон кумаки ҳамаҷониба хоҳад кард 22.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-22T22:00+0500
2022-06-22T22:00+0500
2022-06-23T15:47+0500
ӯзбекистон
афғонистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминҷунбӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343880_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_df34fdf14a358df2601ae3d5905b3c21.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ӯзбекистон дар робита ба заминҷунбии мудҳиш дар Афғонистон, ки талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт, ба мардуми ин сарзамин изҳори ҳамдардӣ кард.Дар номаи ҳамдардӣ, ки дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар онро нашр намудааст, омадааст: "мо ба наздикони ҳалокшудагон таслияти самимии худро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорем".Дар идома зикр шудааст, ки ҳукумати Ӯзбекистон омодааст ба мардуми бародари Афғонистон барои рафъи оқибатҳои фоҷиаи табиӣ ҳарчӣ зудтар кумак расонад. То нашр шудани ин хабар, ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми азиятдидаи Афғонистон расман тасаллият ироа накарда буд. Ёдовар мешавем, заминларзае, ки шаби 21 ба 22 июн дар Афғонистон сурат гирифт, наздики ҳазор кушта ва беш аз 1,5 ҳазор нафар захмӣ бар ҷо гузоштааст.Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, заминҷунбӣ бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.Манбаъ дар истинод ба шоҳидони маҳаллӣ хабар додааст, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон заминларзаро эҳсос кардаанд.Билол Каримӣ, сухангӯии давлати толибон дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки “муттаассифона, шаби гузашта зилзилаи шадид дар чаҳор вулусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”.“Мо аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷеаи бештаре ба минтақа эъзом кунанд”,- гуфт ӯ.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.
https://sputnik.tj/20220622/tedod-qurboniyon-zaminlarza-afghoniston-hazor-nafar-1049418459.html
ӯзбекистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343880_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_3099a9c99044b9c6e5fdb70a86e6d93c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, афғонистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминҷунбӣ
ӯзбекистон, афғонистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, заминҷунбӣ
Ӯзбекистон ба мардуми мотамзадаи Афғонистон изҳори ҳамдардӣ кард
22:00 22.06.2022 (Навсозишуда: 15:47 23.06.2022) Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон изҳори омодагӣ намудааст, ки ин кишвар ба мардуми мотамзадаи Афғонистон кумаки ҳамаҷониба хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ӯзбекистон дар робита ба заминҷунбии мудҳиш дар Афғонистон, ки талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт, ба мардуми ин сарзамин изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар номаи ҳамдардӣ, ки дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи ин кишвар онро нашр намудааст, омадааст: "мо ба наздикони ҳалокшудагон таслияти самимии худро изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои ҳарчи зудтарро таманно дорем".
Дар идома зикр шудааст, ки ҳукумати Ӯзбекистон омодааст ба мардуми бародари Афғонистон барои рафъи оқибатҳои фоҷиаи табиӣ ҳарчӣ зудтар кумак расонад.
То нашр шудани ин хабар, ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми азиятдидаи Афғонистон расман тасаллият ироа накарда буд.
Ёдовар мешавем, заминларзае, ки шаби 21 ба 22 июн дар Афғонистон сурат гирифт, наздики ҳазор кушта ва беш аз 1,5 ҳазор нафар захмӣ бар ҷо гузоштааст.
Маркази зилзиланигории Амрико эълом кард, заминҷунбӣ бо қудрати 6,1 дараҷа дар миқёси амвоҷи даруни замин (Рихтер) бомдоди чаҳоршанбе ҷанубу шарқи Афғонистон ва бахшҳое аз Покистонро ба ларза даровард.
Ба гуфтаи ин марказ, зилзила дар 44-километрии шаҳри Хуст ва дар умқи 51-километрии замин рух додааст.
Манбаъ дар истинод ба шоҳидони маҳаллӣ хабар додааст, ки ҳатто сокинони Кобул, пойтахти Афғонистон ва Исломобод, пойтахти Покистон заминларзаро эҳсос кардаанд.
Билол Каримӣ, сухангӯии давлати толибон дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки “муттаассифона, шаби гузашта зилзилаи шадид дар чаҳор вулусволии вилояти Пактико рух дод, ки дар натиҷаи он садҳо тан аз ҳамватанони мо куштаву захмӣ шуданд ва даҳҳо хона вайрон шуд”.
“Мо аз ҳамаи ожонсҳои имдодӣ мехоҳем фавран тимҳоеро барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷеаи бештаре ба минтақа эъзом кунанд”,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар натиҷаи як зилзилаи 5,6-дараҷаӣ дар устони Бодғис 26 нафар ҷон бохта, шумори зиёди манозил ҳам тахриб шуда буданд.