Ташкили гармхонаҳо барои таъмини ВМКБ бо маҳсулоти кишоварзӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикские помидоры в теплице
Таджикские помидоры в теплице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон азм доранд, ки бо ташкили гармхонаҳо фаровонию арзониро дар бозорҳои ин минтақаи кӯҳӣ таъмин созанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ барои васеъ кардани майдони гармхонаҳо дар минтақа дастур додааст.
Ба иттилои ҳукумати ВМКБ, чунин дастурро Мирзонабот зимни боздид аз гармхонаи соҳибкор Амдам Давлатқадамов дар ноҳияи Рӯшон додаст.
Аз ҷумла ба Давлатқадамов пешниҳод шудааст, ки майдони гармхонаҳоро васеъ намуда, бозори шаҳри Хоруғро бо маҳсулот таъмин намояд.
Зикр шудааст, ки ин кишоварз ҳар сол аз гармхонаи бунёднамудааш ҳосили фаровон рўёнда, дар баробари таъмини хонаводааш бо маҳсулоти кишоварзӣ, қисми зиёди онро ба бозор мебарорад. Ҳукумати ВМКБ даромади деҳқон аз гармхонаро хуб баҳогузорӣ кардаст.
Дар ҳамин ҳол мақомот азм доранд, теъдоди гармхонаҳоро дар Бадахшон зиёд кунанд ва таъкид менамоянд, ки барои ин кор тамоми шароит фароҳам аст.
Полив риса в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Талоши тавлиди бештари биринҷ дар Тоҷикистон: ҳар сокин соле то15 кило мехӯрад
Ба сифати далели фаъолияти хуб, аз ҷумла гармхонаи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Хоруғ мисол оварда шудаст, ки соли гузашта дар деҳаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон бунёд гардидаст.
Гармхона дар Ҷелондеҳ бо тамоми шароиту имконияти муосир дар баландии тақрибан 3600 метр аз сатҳи баҳр сохта шуда, барои парвариши намудҳои гуногуни сабзавот мусоид мебошад.
"Феълан дар гармхонаи инноватсионӣ намудҳои гуногуни бодирингу помидор ва дигар сабзавот мавҷуд буда, баҳрабардорӣ аз гармхона дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Устодони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ эълон кардаанд, ки раванди парвариши сабзавотро дар гармхонаҳои инноватсионӣ, тақвият бахшида, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Лентаи хабарҳо
0