https://sputnik.tj/20220622/rohbar-tolib-jomea-jahon-kumak-1049423742.html
Роҳбари толибҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хост
Роҳбари толибҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хост
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари нав дар Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии башардӯстона хостааст, ки ба мардуми осебдидаи ин кишвар кумак кунанд
2022-06-22T16:41+0500
2022-06-22T16:41+0500
2022-06-22T16:41+0500
афғонистон
дар ҷаҳон
бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода
толиб
муроҷиат
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041848587_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_69d5a23d84d8fbc0a9c7e6d6e4546fb6.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охунзода, роҳбари толибҳо дар пасманзари заминларзаи пурқурбонӣ дар Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст. Охундзода бо нашри як муроҷиатнома аз ҷумла аз созмонҳои байналмилалии башардӯстона хостааст, дар ин фоҷиа канори мардуми Афғонистон бошанд. Мақомоти Афғонистон худашон эълон кардаанд, ки тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, то осебдидагонро муолиҷаю ба хонаводаҳои қурбониён кумак кунанд. Заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хуст дар ҷанубу шарқи Афғонистон шаби 21 ба 22 июн рух дода, иқтидори он ҳудуди 6,1 дараҷа дар марказ арзёбӣ шудаст. Масъулин мегӯянд, теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш марзи ҳазор нафарро убур кард."Шумори қурбониёни ин офати табиӣ аз 1000 нафар гузашта, ҳамчунин 1500 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли раиси бахши фарҳанг ва иттилооти вилояти Пактико, Амин Ҳузайфа. Қаблан расонаҳо аз қавли Шарофиддин Муслим, ноиби вазири мубориза бо ҳолатҳои фавқулодда дар Афғонистон оварда буданд, ки ҳудуди 920 нафар ҳалок ва 610 нафар маҷруҳ шудаанд.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041848587_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_85d09d2bd65e12de5b44526123f1404b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумакхоҳӣ, роҳбар, толибҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ
кумакхоҳӣ, роҳбар, толибҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ
Роҳбари толибҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хост
Роҳбари нав дар Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии башардӯстона хостааст, ки ба мардуми осебдидаи ин кишвар кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охунзода, роҳбари толибҳо дар пасманзари заминларзаи пурқурбонӣ дар Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст.
Охундзода бо нашри як муроҷиатнома аз ҷумла аз созмонҳои байналмилалии башардӯстона хостааст, дар ин фоҷиа канори мардуми Афғонистон бошанд.
"Дар робита ба ин фоҷиа аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват менамоем, ки тамоми талошашонро барои дастгирии мотамдорон равона созанд", - омадааст дар муроҷиатномаи роҳбари толибҳо.
Мақомоти Афғонистон худашон эълон кардаанд, ки тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, то осебдидагонро муолиҷаю ба хонаводаҳои қурбониён кумак кунанд.
Заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хуст дар ҷанубу шарқи Афғонистон шаби 21 ба 22 июн рух дода, иқтидори он ҳудуди 6,1 дараҷа дар марказ арзёбӣ шудаст.
Масъулин мегӯянд, теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш марзи ҳазор нафарро убур кард.
"Шумори қурбониёни ин офати табиӣ аз 1000 нафар гузашта, ҳамчунин 1500 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли раиси бахши фарҳанг ва иттилооти вилояти Пактико, Амин Ҳузайфа.
Қаблан расонаҳо аз қавли Шарофиддин Муслим, ноиби вазири мубориза бо ҳолатҳои фавқулодда дар Афғонистон оварда буданд, ки ҳудуди 920 нафар ҳалок ва 610 нафар маҷруҳ шудаанд.