https://sputnik.tj/20220622/navor-hayratangez-pier-bemorkhona-1049426274.html
Суханони охирин пеш аз марг: видеои ҳайратангези Пиер аз беморхона
Суханони охирин пеш аз марг: видеои ҳайратангези Пиер аз беморхона
Sputnik Тоҷикистон
Дар навори охирин ҳунарманд гуфт, ки бистарӣ шудан барои ӯ ғайричашмдошт буд: 22 июн ӯ ният дошт дар наворбардории як намоиш ширкат кунад
2022-06-22T18:16+0500
2022-06-22T18:16+0500
2022-06-22T19:09+0500
даргузашт
фарҳанг
видео
ситораҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/16/1049422376_0:191:2961:1857_1920x0_80_0_0_4d379ff6fdd2d8106baf3926eb4b7e6b.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ охирин навори овозхони русиягӣ ва хатмкардаи лоиҳаи "Фабрикаи ситораҳо" Пиер Нарсисс, паҳн шуд. Навореро, ки ҳунарманд қабл аз маргаш сабт кардааст, нашрияи "Комсомольская правда" нашр кардааст. Сароянда видеоро барои ҳаҷвнигор Николай Лукинский, ки Нарсисс мебоист дар барномаи поп-MMA "Наше дело" иштирок мекард, аз беморхона сабт кардааст. Дар навор ӯ мефаҳмонад, ки чаро наметавонад дар чорабинӣ ширкат кунад. Ёдовар мешавем, ки қаблан дар бораи марги ҳунарманди 45-сола наздиконаш хабар дода буданд. Духтари Нарсисс Каролина Кристелл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки падараш гурдаашро ҷарроҳӣ кардааст ва ыарроҳӣ марговар будааст. Дар рафти ҷарроҳӣ дили Нарсисс аз кор мондааст. Зодаи Камерун ба шарофати ширкаташ дар намоиши "Фабрикаи ситораҳо", ки дар солҳои 2000-ум маъмул буд, дар Русия маъруф шуд.Даргузашти ситораи лоиҳаи "Фабрика звезд" Пиер НарсиссӮ аз иштирокчиёни мавсими дуюм буд, ки хити "Шоколадный заяц" -ро иҷро кард, ки ба ӯ шӯҳрат ва маҳбубият овард.Тарҷумаи ҳоли Пиер НарсиссПиер Нарсисс 19 феврали соли 1977 дар Камерун таваллуд шудааст. Номи аслии ӯ Мудио Мукуто Пиер Нарсисс Де Наполи Де Соуза аст.Дар кӯдакӣ ӯ футболбозӣ мекард ва дар синни 13-солагӣ ба навохтани саксофон машғул буд. Баъдтар гурӯҳи худро ташкил кард.Ӯ бо забонҳои гуногун, аз ҷумла фаронсавӣ суруд мехонд. Пиер барои таҳсил дар бахши рӯзноманигорӣ ба Маскав омад ва ҳатто Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кард.Ҳамзамон дар клубҳои шабона кор карда, дар дастаи КВН-и Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия низ бозӣ мекард.Дар баробари муваффақият дар соҳаи мусиқӣ, ҳунарманд ҳатто дар филмҳо низ нақш офаридааст. Ӯ дар филми "Сибирский цирюльник" (Сартароши Сибирӣ) нақш бозида, дар лоиҳаҳои гуногун боз шаш нақши дигар офаридааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/16/1049422376_115:0:2846:2048_1920x0_80_0_0_b0ff658a033e07b7e553906f1e7c092f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пиер, марг, даргузашт, охирин суханҳо
пиер, марг, даргузашт, охирин суханҳо
Суханони охирин пеш аз марг: видеои ҳайратангези Пиер аз беморхона
18:16 22.06.2022 (Навсозишуда: 19:09 22.06.2022) Дар охирин сабти видеоияш ин ҳунарманд гуфт, бистарӣ шудан барои ӯ ғайричашмдошт буд: 22 июн ӯ ният дошт, дар сабти як намоиш ширкат кунад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ охирин навори овозхони русиягӣ ва хатмкардаи лоиҳаи "Фабрикаи ситораҳо" Пиер Нарсисс, паҳн шуд.
Навореро, ки ҳунарманд қабл аз маргаш сабт кардааст, нашрияи "Комсомольская правда" нашр кардааст.
Сароянда видеоро барои ҳаҷвнигор Николай Лукинский, ки Нарсисс мебоист дар барномаи поп-MMA "Наше дело" иштирок мекард, аз беморхона сабт кардааст.
Дар навор ӯ мефаҳмонад, ки чаро наметавонад дар чорабинӣ ширкат кунад.
"Ҳамин тавр, бародар. Ман бистарӣ ҳастам. Ин шӯхӣ нест, ман худам дар ҳайратам, ки дар беморхона ҳастам", - мегӯяд Нарсисс.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар бораи марги ҳунарманди 45-сола наздиконаш хабар дода буданд. Духтари Нарсисс Каролина Кристелл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки падараш гурдаашро ҷарроҳӣ кардааст ва ыарроҳӣ марговар будааст.
Дар рафти ҷарроҳӣ дили Нарсисс аз кор мондааст.
Зодаи Камерун ба шарофати ширкаташ дар намоиши "Фабрикаи ситораҳо", ки дар солҳои 2000-ум маъмул буд, дар Русия маъруф шуд.
Ӯ аз иштирокчиёни мавсими дуюм буд, ки хити "Шоколадный заяц" -ро иҷро кард, ки ба ӯ шӯҳрат ва маҳбубият овард.
Тарҷумаи ҳоли Пиер Нарсисс
Пиер Нарсисс 19 феврали соли 1977 дар Камерун таваллуд шудааст. Номи аслии ӯ Мудио Мукуто Пиер Нарсисс Де Наполи Де Соуза аст.
Дар кӯдакӣ ӯ футболбозӣ мекард ва дар синни 13-солагӣ ба навохтани саксофон машғул буд. Баъдтар гурӯҳи худро ташкил кард.
Ӯ бо забонҳои гуногун, аз ҷумла фаронсавӣ суруд мехонд. Пиер барои таҳсил дар бахши рӯзноманигорӣ ба Маскав омад ва ҳатто Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кард.
Ҳамзамон дар клубҳои шабона кор карда, дар дастаи КВН-и Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия низ бозӣ мекард.
Дар баробари муваффақият дар соҳаи мусиқӣ, ҳунарманд ҳатто дар филмҳо низ нақш офаридааст. Ӯ дар филми "Сибирский цирюльник" (Сартароши Сибирӣ) нақш бозида, дар лоиҳаҳои гуногун боз шаш нақши дигар офаридааст.