Дарёфти ҷасади кӯдак дар Бохтар, ки ҳашт рӯз қабл нопадид шуд

© PixabayРебенок в воде на закате, архивное фото
Ребенок в воде на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Сабаби ғарқ шудани писарбачаи нуҳсола дар канали Ҷайҳун маълум нест ва волидонаш низ дар ин бора ҳеҷ изҳори назар накардаанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар ҳашт рӯз боз кормандони милиса ва сокинони маҳаллӣ кӯдаки нӯҳсоларо ҷустуҷӯ доранд, хабар медиҳад дафтари матбуоти КҲФ.
Бар хабари манбаъ, ноболиғ сокини кӯчаи Мирзоқодирови шаҳри Бохтар буда, бегоҳи рӯзи 14 июн аз хона берун баромада, дигар барнагашт. Тӯли ин рӯзҳо кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар ӯро ҷустуҷӯ мекарданд.
Манбаъ меафзояд, ахиран бо гузашти беш аз як ҳафта ҷасади ноболиғ аз канали Ҷайҳун дарёфт шуд.
"Аз ШВКД дар шаҳри Бохтар ба Раёсати КҲФ дар бораи намудор шудани як ҷасади писарбача иттилоъ дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Зимнан, пас аз дастрас кардани ин хабар, наҷотбахшон зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва ҷасади кӯдаки нӯҳсоларо аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Гуфта мешавад, феълан сабаби ғарқ шудани ноболиғ маълум нест ва волидони ӯ низ дар ин бора ҳеҷ изҳори назар накардаанд.
КҲФ ҳамчунин хабар медиҳад, ки наҷотбахшон давоми ду рӯз ҷасади духтари 19 -соларо дар ноҳияи Левакант ҷустуҷӯ доранд.
Рыбак на берегу Кайраккумского водохранилища, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Сокини 22-солаи пойтахт барои моҳигирӣ рафту ғарқ шуд
Манбаъ меафзояд, номбурда шиноснома, рӯймол ва пойафзоли худро дар канали Сталин монда, худро ба оби канал сарозер намудааст.
Феълан, сабаби даст ба худкушӣ задани ҷавондухтар маълум нест ва наҷотбахшон ҳамоно ҷасади ӯро ҷустуҷӯ доранд.
Маврид ба зикр аст, ки аз аввали мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон беш аз 60 нафар дар рӯду каналҳо ғарқ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0