Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2022” дар Душанбе

© SputnikВыставка ярмарка продукции промышленных товаров Республики Узбекистан 2017
Выставка ярмарка продукции промышленных товаров Республики Узбекистан 2017 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Дар Намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон-2022” маҳсулоти ширкатҳои машғули фаъолият дар соҳаҳои хидматрасонӣ, саноат, сохтмон ва сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Аз 24 то 26 июни соли равон дар маҷмааи варзишии “Манеж”-и пойтахт Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байналмилалии “Тоҷикистон-2022” баргузор мешавад, иттилоъ додааст Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.
Намоишгоҳ-ярмарка аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати кишвар ташкил хоҳад шуд.
Дар намоишгоҳ-ярмарка беш аз 60 ширкат машғули фаъолият дар соҳаҳои хизматрасонӣ, саноат, сохтмон ва сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд.
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар додааст, ки нафароне, ки аз ин Намоишгоҳ дидан мекунанд имкон доранд молу маҳсулоти хушсифат бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо Суғд-2022  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Дар ярмаркаи VIII савдои "Суғд-2022" наздики 400 меҳмон ширкат мекунад: видео
Аз ҷумла манбаъ хабар додааст, ки сокинону меҳмонон имкон доранд маҳсулоти ғизоӣ, маҳсулоти саноати сабук, маҳсулоти кимёии рӯзгор, лавозимоти ороишӣ ва ғайра харидорӣ намоянд.
Маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байнулмилалии “Тоҷикистон-2021” рӯзи 24 июни соли равоон доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи универсалии байнулмилалии “Тоҷикистон-2021. Тирамоҳ” соли гузашта 13-15 октябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд ва дар он маҳсулоти ширкатҳое чун “Саноатсодиротбонк”, “Спитаменсуғурта”, “Тоҷфилиз”, “Строй-центр”, “Файзи Расул”, “Амирӣ”, “Комбинати орди Душанбе”, “Сиёма”, “Исфарафуд”, “САТН”, “Ҷавонӣ” ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0