Изҳороти Путин дар мулоқот бо нерӯҳои ҷавони низомӣ - видео

Обуна шудан
Кишвардор зимни суханронӣ дар назди хатмкунандагони мактабҳои ҳарбӣ дар бораи санҷишҳо барои Русия, амалиёт дар Украина ва таҳкими қувваҳои мусаллаҳ сухан гуфт
Ҳоло Русия боз як имтиҳони дигареро аз сар мегузаронад, ки паси сар мешавад. Дар ин бора Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқот бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ изҳор дошт.
Президент ба ҷасорат ва маҳорати касбии ҳайати низомии ширкаткунанда дар амалиёти вижа дар Украина таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, итминон дод, ки қувваҳои мусаллаҳ боз ҳам мустаҳкам ва боз ҳам пурқувваттар хоҳанд шуд.
"Ҳоло кишвар як силсила озмоишҳои дигарро аз сар мегузаронад. Бале, маҳдудиятҳо вуҷуд доранд, бале, онҳо бо роҳҳои гуногун паси сар мешаванд, аммо ҳатман паси сар мешаванд", - таъкид кард Путин.
Ба гуфтаи вай, дар таърихи Русия замоне набудааст, ки русҳо, “мисли дар кадом як кишвари обод, вале дар харита базӯр намоён эҳсос кунанд, ки аз ӯҳдаи коре даст наоянд”.
Ғарб боз тасмими "пирӯзӣ бар Русия дар ҷанг"-ро гирифт
"Русия ҳамеша аз як навъ озмоишҳо гузаштааст. <...> Ҳамеша барои ноил шудан ба ҳадаф, шумо бояд душвориҳои муайянеро паси сар кунед. Аммо, чунон ки медонед, касе, ки роҳ меравад, аз уҳдаи он мебарояд". қайд намуд президент.
Президент ҳамчунин бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои эҳтимолии низомӣ аз рушду таҳкими нерӯҳои мусаллаҳи кишвар хабар дод.
Нашри сабти зарбаҳои “Ураган” ба мавозеи артиши Украина - видео
Артиш ва флоти Русия аз ҳоло "дар тамоми воҳидҳои муҳимтарини худ такмил меёбад". "Шубҳае нест, ки мо боз ҳам қавитар хоҳем шуд", - гуфт Путин.
Вай афзуд, ки яке аз авлавиятҳои Русия муҷаҳҳаз кардани нирӯҳо бо аслиҳаи нав аст.
Лентаи хабарҳо
0