https://sputnik.tj/20220621/peskov-maskav-gharb-bovar-1049372154.html
Песков: Маскав дигар ҳеҷ гоҳ ба Ғарб бовар нахоҳад кард
Песков: Маскав дигар ҳеҷ гоҳ ба Ғарб бовар нахоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Котиби матбуотии президенти Русия дар мусоҳиба бо як нашрияи ғарбӣ гуфт, буҳрони марбут ба авзоъ дар Украина тӯлонӣ хоҳад шуд
2022-06-21T10:30+0500
2022-06-21T10:30+0500
2022-06-21T14:11+0500
дмитрий песков
дар русия
ғарб
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371099_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_381acb61493285a2f7562bb860980e05.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо NBC гуфт, Ғарб ҳеҷ гоҳ бовари Маскавро бозпас гирифта наметавонад. Ба гуфтаи вай, буҳрон дар Украина эҳтимол тӯлонӣ хоҳад шуд. Гуфтугӯ бо Песков беш аз як соат идома кард, аммо ба гуфтаи мусоҳиб Сайрус Симмонс, мусоҳиба танҳо чанд порча бо тӯли умумии чанд дақиқа пахш шудааст. Дар он котиби матбуотии президент дар бораи зархаридони амрикоие, ки дар Украина боздошт шудаанд, суҳбат карда ва ҳамчунин изҳоротро дар бораи дурнамои рушди буҳрон иқтибос кардааст. Ҳанӯз маълум нест, ки шакли пурраи ин мусоҳиба намоиш дода мешавад ё на. Пештар Песков ҳамчунин изҳор карда буд, ки пас аз мусодираи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия эътимод ба ИМА ва ИА аз ҷониби шаҳрвандоне, ки дар ин кишварҳо моликият доранд, низ коста хоҳад шуд. Вай инчунин кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида ва шарикони ғарбии онро барои "бӯғисозӣ"-и Федератсияи Русия бо таҳримҳо бесамар хонд. Сухангӯи Кремл қайд кард, ки ин далелро коршиносони байналмилалӣ аллакай эътироф кардаанд. Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳифозати мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
https://sputnik.tj/20220616/peskov-ima-jang-rusiya-behuda-1049231165.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/15/1049371099_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_2a9f0fb1f5a87a3ec5085b48d9743d96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
песков маскав ғарб бовар
Песков: Маскав дигар ҳеҷ гоҳ ба Ғарб бовар нахоҳад кард
10:30 21.06.2022 (Навсозишуда: 14:11 21.06.2022) Котиби матбуотии президенти Русия дар мусоҳиба бо як нашрияи ғарбӣ гуфт, буҳрони марбут ба авзоъ дар Украина тӯлонӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков дар мусоҳиба бо NBC гуфт, Ғарб ҳеҷ гоҳ бовари Маскавро бозпас гирифта наметавонад.
Ба гуфтаи вай, буҳрон дар Украина эҳтимол тӯлонӣ хоҳад шуд.
"Бале, ин буҳрони тӯлонӣ хоҳад буд, аммо мо дигар ҳеҷ гоҳ ба Ғарб бовар нахоҳем кард", - таъкид кард раҳбари бахши матбуотии президент.
Гуфтугӯ бо Песков беш аз як соат идома кард, аммо ба гуфтаи мусоҳиб Сайрус Симмонс, мусоҳиба танҳо чанд порча бо тӯли умумии чанд дақиқа пахш шудааст.
Дар он котиби матбуотии президент дар бораи зархаридони амрикоие, ки дар Украина боздошт шудаанд, суҳбат карда ва ҳамчунин изҳоротро дар бораи дурнамои рушди буҳрон иқтибос кардааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки шакли пурраи ин мусоҳиба намоиш дода мешавад ё на.
Пештар Песков ҳамчунин изҳор карда буд, ки пас аз мусодираи дороиҳои мунҷамидшудаи Русия эътимод ба ИМА ва ИА аз ҷониби шаҳрвандоне, ки дар ин кишварҳо моликият доранд, низ коста хоҳад шуд.
Вай инчунин кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида ва шарикони ғарбии онро барои "бӯғисозӣ"-и Федератсияи Русия бо таҳримҳо бесамар хонд.
Сухангӯи Кремл қайд кард, ки ин далелро коршиносони байналмилалӣ аллакай эътироф кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 24-уми феврал Русия амалиёти вижаи низомиро барои ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина оғоз кард.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳифозати мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.