https://sputnik.tj/20220621/orenburg-muhojir-tojik-kord-zadand-1049381197.html
Дар Оренбург муҳоҷири 23-солаи тоҷикро корд заданд
Дар Оренбург муҳоҷири 23-солаи тоҷикро корд заданд
Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷир бо ду захми шадид корд аз қисмати сина фавран ба бемористон интиқол дода шуд ва феълан табибон барои наҷот додани ҷони ӯ талош мекунанд
2022-06-21T14:25+0500
2022-06-21T14:25+0500
2022-06-21T20:33+0500
дар русия
муҳоҷири тоҷик
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
корд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_19:0:981:541_1920x0_80_0_0_af273046e24e5177812737b8c92e8b49.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Новосергиевски вилояти Оренбург шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон қариб кушта мешуд. Дар ин бора торнамои "56 orb.ru" хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ба муҳоҷири 23-солаи тоҷик, ки муваққатан дар вилояти мазкур ба сар мебарад, марди 42-сола бо корд ҳамла намудааст.Таври кормандони милитсияи вилояти Оренбург муайян намуданд, ҳамлагар сархуш буд ва бо сабабҳои номаълум бо муҳоҷири ҷавон ҷанҷол кард ва сипас бо корд ду маротиба ба қафаси синаи ӯ зарбаҳои сахт расонд.Муҳоҷири тоҷик дар Маскав зери ғарами хишту семент монд - видеоҲоло шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои ин вилоят қарор дорад ва табибон барои наҷот додани ӯ талош мекунанд.Манбаъ меафзояд, дар робита ба ин ҳодиса аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ҳамлагар дар боздошт қарор дорад.Раёсати Вазорати умури дохилаи вилояти Оренбург мегӯяд, дар сурати анҷоми мурофиаи додгоҳӣ, ба ӯ то даҳ соли зиндон дар колонияи низомаш шадид таҳдид мекунад.Манбаъ, ҳуввияти ҳамлагарро ошкор накардааст ва ҳамчунин маълумоти бештар дар мавриди муҳоҷири маҷрӯҳшуда низ рӯи даст нест.Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Оренбург моҳи апрел як таксирони 32-солаи тоҷик бераҳмона кушта шуд. Ҷасади муҳоҷири тоҷикро пайвандони ӯ шаби 26 ба 27 апрел дар як ҷангал назди мошинаш пайдо карданд.Раёсати тафтишотии Оренбург хабар дода буд, ки дар робита ба ин қазия парванда боз шуд ва як нафар ҳамчун гумонбар дар қатли ин муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст.
https://sputnik.tj/20220428/taksiron-tojik-orenburg-berahmona-kushtand-1048032410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102833/28/1028332809_139:0:860:541_1920x0_80_0_0_529e429e68faf73a1760d36d39a801b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
оренбург муҳоҷир корд захмӣ
оренбург муҳоҷир корд захмӣ
Дар Оренбург муҳоҷири 23-солаи тоҷикро корд заданд
14:25 21.06.2022 (Навсозишуда: 20:33 21.06.2022) Муҳоҷир бо ду захми ҷиддии корд дар қафаси синааш фавран ба бемористон интиқол дода шуд ва феълан табибон барои наҷоти ҷони ӯ талош мекунанд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Новосергиевски вилояти Оренбург шаҳрванди ҷавони Тоҷикистон қариб кушта мешуд. Дар ин бора торнамои "56 orb.ru"
хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ба муҳоҷири 23-солаи тоҷик, ки муваққатан дар вилояти мазкур ба сар мебарад, марди 42-сола бо корд ҳамла намудааст.
Таври кормандони милитсияи вилояти Оренбург муайян намуданд, ҳамлагар сархуш буд ва бо сабабҳои номаълум бо муҳоҷири ҷавон ҷанҷол кард ва сипас бо корд ду маротиба ба қафаси синаи ӯ зарбаҳои сахт расонд.
Ҳоло шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз бемористонҳои ин вилоят қарор дорад ва табибон барои наҷот додани ӯ талош мекунанд.
Манбаъ меафзояд, дар робита ба ин ҳодиса аллакай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ҳамлагар дар боздошт қарор дорад.
Раёсати Вазорати умури дохилаи вилояти Оренбург мегӯяд, дар сурати анҷоми мурофиаи додгоҳӣ, ба ӯ то даҳ соли зиндон дар колонияи низомаш шадид таҳдид мекунад.
Манбаъ, ҳуввияти ҳамлагарро ошкор накардааст ва ҳамчунин маълумоти бештар дар мавриди муҳоҷири маҷрӯҳшуда низ рӯи даст нест.
Ёдовар мешавем, ки дар вилояти Оренбург моҳи апрел як таксирони 32-солаи тоҷик бераҳмона кушта шуд. Ҷасади муҳоҷири тоҷикро пайвандони ӯ шаби 26 ба 27 апрел дар як ҷангал назди мошинаш пайдо карданд.
Раёсати тафтишотии Оренбург хабар дода буд, ки дар робита ба ин қазия парванда боз шуд ва як нафар ҳамчун гумонбар дар қатли ин муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст.