Мишустин аз фишори таҳримҳо ба шарикони Русия гуфт: Чӣ бояд кард?

© Sputnik / Дмитрий Астахов / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Нахуствазири Русия бо зикри фишори таҳримҳо болои кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё чораҳои ҷавобиро пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Фишори таҳримҳои Ғарб ба тамоми кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсир дорад, изҳор дошт Михаил Мишустин, нахуствазири Русия.
Ӯ зимни ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди АвруОсиё дар шаҳри Минск таъкид намуд, ки танҳо муштарак метавон ба таҳримҳо чораҳои ҷавобӣ андешид.
"Иқтисоди кишварҳои мо зич бо ҳам вобастаанд. Вазифаи асосӣ кам кардани таъсири таҳримҳо ба шаҳрвандон, таҳкими эътидоли макроиқтисодӣ мебошад", - афзуд вай.
Мишустин муҳим хондаст, ки пеш аз ҳама шароити мусоид барои фаъолияти бахши соҳибкорӣ фароҳам оварда шавад. Аз ҷумла гузаштан ба низоми худии ҳисоббаробаркуниҳои молиявиро пешниҳод намудаст.
Истифодаи асъори миллии худӣ дар додугирифт бо шарикони муътамад аз таклифҳои дигари сарвазири Русия будаанд. Ӯ ҳамчунин зарур хондаст, ки ҳамкорӣ барои тавлиди маҳсулоти воридотивазкунанда бештар шавад.
Лузянин: это будет началом демонтажа долларовой системы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Пули нави СҲШ: доллар чӣ мешавад? - видео
"Вобастагиро бояд аз молҳои воридотӣ кам кунем, лоиҳаҳои инноватсионии худиро ба роҳ монда, бартарияти тамоми шариконро бояд истифода кард. Ҳамкорӣ дар бахши фанновариҳои компютерӣ, сохтмони ҳавопаймоҳо ва дорусозӣ афзалиятнок аст", - таъкид намуд Мишустин.
Ба гуфтаи нахуствазири Русия, давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳимояи истеҳсолкунандаҳои худиро давом дода, барои ташкили бозорҳои муштарак дар бахши аграрию саноатӣ корбарӣ хоҳад кард.
Вай ҳамчунин хостори рушди инфрасохторӣ, бунёди долонҳои нақлиётии пайвандгари Шарқ, Ғарб, Шимол ва Ҷануб хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0