https://sputnik.tj/20220621/eron-amniyat-tojikiston-omoda-kumak-1049374107.html
Генерали эронӣ гуфт, Эрон амнияти Тоҷикистонро амнияти худ медонад ва омодаи кумак аст
Генерали эронӣ гуфт, Эрон амнияти Тоҷикистонро амнияти худ медонад ва омодаи кумак аст
Sputnik Тоҷикистон
Генерали эронӣ мегӯяд, Эрон амнияти Тоҷикистонро амнияти худ медонад ва омодаи ҳар навъ кумаки зарурие дар ин замина аст
2022-06-21T11:06+0500
2022-06-21T11:06+0500
2022-06-21T17:24+0500
эрон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
рамазон раҳимзода
вкд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерал-майор Саидмаҷиди Мираҳмадӣ масоили амниятии кишварҳоро баррасӣ кардаанд.Бино ба иттилои расонаҳои расмии эронӣ, Саидмаҷиди Мираҳмадӣ дар раъси як ҳайати гурӯҳи корӣ барои амалисозии созишномаҳои қаблан миёни ниҳодҳо имзошуда ба Тоҷикистон омадааст.Зимни мулоқот намояндаи ҷониби Эрон гуфтааст, ки ташкили гурӯҳи кории муштараки амниятиро муҷиби тақвияти амнияти ду кишвар ва хунсо сохтани таҳдидҳои душманони ду миллат медонад.Саидмаҷиди Мираҳмадӣ бар иродаи ҷиддии тарафи Эрон барои иҷрои тавофуқҳо ва фармонҳои раҳбарону сарони ду кишвар ба манзури тақвияти равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кардааст.Мираҳмадӣ гуфтааст, ки онҳо амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон медонанд ва омодагии Теҳронро барои ҳар навъ кумаке дар ин замина эълому изҳори умед кардааст, ки гурӯҳи кории муштарак заминаҳои лозимаро дар ин хусус фароҳам хоҳанд кард.Намояндаи Эрон бо ишора ба иштирокоти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон осонии сафар барои мубодилоти тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро омили муҳиме барои тавсеаи ду кишвар дониста, хостори фароҳам кардани шароити лағви раводиди атбои ду кишвар шуд.Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
https://sputnik.tj/20220530/iqtisod-ilm-amniyat-tojikistonu-eron-hamkori-1048801009.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон амният тоҷикистонро омода кумак
эрон амният тоҷикистонро омода кумак
Генерали эронӣ гуфт, Эрон амнияти Тоҷикистонро амнияти худ медонад ва омодаи кумак аст
11:06 21.06.2022 (Навсозишуда: 17:24 21.06.2022) Генерали эронӣ мегӯяд, Эрон амнияти Тоҷикистонро амнияти худ медонад ва омодаи ҳар навъ кумаки зарурие дар ин замина аст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерал-майор Саидмаҷиди Мираҳмадӣ масоили амниятии кишварҳоро баррасӣ кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои расмии эронӣ, Саидмаҷиди Мираҳмадӣ дар раъси як ҳайати гурӯҳи корӣ барои амалисозии созишномаҳои қаблан миёни ниҳодҳо имзошуда ба Тоҷикистон омадааст.
Зимни мулоқот намояндаи ҷониби Эрон гуфтааст, ки ташкили гурӯҳи кории муштараки амниятиро муҷиби тақвияти амнияти ду кишвар ва хунсо сохтани таҳдидҳои душманони ду миллат медонад.
Саидмаҷиди Мираҳмадӣ бар иродаи ҷиддии тарафи Эрон барои иҷрои тавофуқҳо ва фармонҳои раҳбарону сарони ду кишвар ба манзури тақвияти равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кардааст.
Мираҳмадӣ гуфтааст, ки онҳо амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон медонанд ва омодагии Теҳронро барои ҳар навъ кумаке дар ин замина эълому изҳори умед кардааст, ки гурӯҳи кории муштарак заминаҳои лозимаро дар ин хусус фароҳам хоҳанд кард.
Намояндаи Эрон бо ишора ба иштирокоти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон осонии сафар барои мубодилоти тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро омили муҳиме барои тавсеаи ду кишвар дониста, хостори фароҳам кардани шароити лағви раводиди атбои ду кишвар шуд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.