https://sputnik.tj/20220621/dushanbe-maktabi-nav-kushoda-1049394347.html
Дар Душанбе 11 мактаби нав кушода мешавад
Дар Душанбе 11 мактаби нав кушода мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти кишвар босуръат афзоиш ёфта истодааст, таъмини талабаҳо бо ҷойи нишаст аз мушкилоти мубрам арзёбӣ мешавад
2022-06-21T21:00+0500
2022-06-21T21:00+0500
2022-06-21T21:00+0500
дар тоҷикистон
маориф
далел
таълим
муассиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045771944_0:0:3093:1739_1920x0_80_0_0_350f3049ebcadf107c705626cb6d19e6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар соли нави нави таҳсили - 2022 - 2023 дар шаҳри Душанбе 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли мақомоти маорифи Душанбе хабар дода, афзуд, ки дар макотиби ҷадид беш аз 9 ҳазор ҷой нишаст дар як баст фароҳам хоҳанд шуд. Таъкид шудааст, ки бо дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бунёди макотиби нав бо ҷалби соҳибкорон чораҳо андешида шуда истодаанд. Мақомоти маорифи пойтахт мегӯянд, тамоми макотиби ҷадид бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз мушкилотро дар ин соҳа норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ кардаанд. Зикр шуда буд, ки ин далели афзоиши босуръати аҳолӣ шиддат ёфтааст. Аз ҷумла далел оварда мешавад, ки агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд. Ҳамчунин масъулини бахши маорифи Тоҷикистон мегӯянд, инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон бо имконоти буҷа ва ҷалби шарикони рушду бахши хусусӣ талош дорад, макотибро бунёд кунад.
https://sputnik.tj/20220501/uhdadori-qonuni-volidon-tojikiston-parlumon-1048124293.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/0b/1045771944_123:0:2854:2048_1920x0_80_0_0_9fe7fad1db4155cf87ba8fc32352ee59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нақша, ифтитоҳ, мактаб, нав, душанбе
нақша, ифтитоҳ, мактаб, нав, душанбе
Дар Душанбе 11 мактаби нав кушода мешавад
Дар ҳоле ки аҳолии Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахти кишвар босуръат афзоиш ёфта истодааст, таъмини талабаҳо бо ҷойи нишаст аз мушкилоти мубрам арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Дар соли нави нави таҳсили - 2022 - 2023 дар шаҳри Душанбе 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии замонавӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар ин бора хабаргузории "Ховар" аз қавли мақомоти маорифи Душанбе хабар дода, афзуд, ки дар макотиби ҷадид беш аз 9 ҳазор ҷой нишаст дар як баст фароҳам хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки бо дастури Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе бунёди макотиби нав бо ҷалби соҳибкорон чораҳо андешида шуда истодаанд. Мақомоти маорифи пойтахт мегӯянд, тамоми макотиби ҷадид бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон яке аз мушкилотро дар ин соҳа норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ кардаанд.
Зикр шуда буд, ки ин далели афзоиши босуръати аҳолӣ шиддат ёфтааст. Аз ҷумла далел оварда мешавад, ки агар дар як сол 100-120 ҳазор нафар муассисаҳои таълимиро хатм кунанд, пас то 250 ҳазор нафар ба муассисаҳои таълимӣ дохил мешаванд.
Ҳамчунин масъулини бахши маорифи Тоҷикистон мегӯянд, инчунин муассисаҳои таълимие вуҷуд доранд, ки ҳанӯз солҳои 20-30-и асри гузашта сохта шуда, феълан дар ҳолати садамавиянд. Дар баробари ин дар ҷумҳурӣ маҳаллаҳои зиёди навбунёде ташкил шудаанд, ки ниёз ба сохтмони мактаб доранд.
Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон бо имконоти буҷа ва ҷалби шарикони рушду бахши хусусӣ талош дорад, макотибро бунёд кунад.