Профессор Маҷидов - забоншиноси маъруфи тоҷик даргузашт

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Се рӯз қабл дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон аз 85-умин солгарди профессор ва забоншиноси маъруф ҷашн гирифта шуд, аммо умр ба ӯ дигар вафо накард
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Шаби 19 ба 20 июн дар Душанбе, донишманди маъруф, профессор ва забоншиноси барҷаста Ҳомид Маҷидов ҷон ба Ҷонофарин таслим кард, хабар медиҳад "Pressa.tj".
Бар хабари манбаъ, даргузашти профессор Маҷидовро декани факултаи филологияи тоҷик, Сироҷиддин Эмомалӣ тасдиқ намуд.
"Муаллим то дирӯз, бо вуҷуди пиронсолӣ бардаму солим буданд. Шаби 19 ба 20 июн ҷон ба ҳақ супориданд", - гуфтааст Эмомалӣ.
Манбаъ меафзояд, ҳанӯз рӯзи 16 июн дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон ба муносибати 85 -умин солгарди устод ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуда буд.
Даргузашти нависанда ва мутарҷими маъруфи русу тоҷик Людмила Басова
Маросими видоъ бо профессор Ҳомид Маҷидов дар назди манзили ӯ, маҳаллаи 33 ва ҷанозаи марҳум дар масҷиди ин маҳалла баъд аз намози пешин баргузор мешавад.

Ҳомид Маҷидов кист?

Ҳомид Маҷидов соли 1937 дар деҳаи Чоряккорон, дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 1961 Донишгоҳи милли Тоҷикистонро хатм намуда, дар ин боргоҳ соли 1983 докторантураро ҳимоя кард.
Ӯ аз соли 1961 дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт Солҳои 1985-1988 ноиби ректори Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус оид ба таълим буд. Пасон аз соли 2002 то 2005 мудири кафедраи забони муосири тоҷикии Донишгоҳи милли Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.
Сарояндаи ансамбли "Дарё" даргузашт
Марҳум дорандаи медали "Собиқадори меҳнат ва нишони "Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон буд.
Ҳамчунин соли 1997 ба ӯ унвони фахрии "Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" супорида шуд.
Лентаи хабарҳо
0