https://sputnik.tj/20220620/tolibon-kormandoni-davlati-islom-barobar-kor-ozod-1049368513.html
Толибон: Агар худатонро бо ислом баробар накунед, аз кор озод мешавед
Толибон: Агар худатонро бо ислом баробар накунед, аз кор озод мешавед
Sputnik Тоҷикистон
Як корманди Идораи амр ба маъруфи толибон ба кормандони давлатӣ дар Бомиён дастур додаанд, ки худро бо ислом баробар кунанд
2022-06-20T22:00+0500
2022-06-20T22:00+0500
2022-06-21T13:02+0500
афғонистон
толибон
ислом
дастур
кормандони давлатӣ
аз вазифа озод кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044447826_0:172:2845:1772_1920x0_80_0_0_eaf8c3f2a10b9fc8062d105b9fc4ba2d.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Як маъмури Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон дар Бомиён ба кормандони яке аз идороти давлатӣ дар ин вилоят гуфтааст, ки худашонро бо "ислому дин баробар кунанд", иттилоъ медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои дохилӣ.Дар як паёми савтӣ, ки аз ин маъмури толибон дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифтааст, ӯ ба кормандони идороти давлатӣ ҳушдор медиҳад, агар худашонро бо ислом баробар накунанд, аз корашон озод хоҳанд шуд.Ӯ мегӯяд: "Ба кормандон ҳамин тавсияро мекунем, ки кӯшиш кунанд, худашонро бо ислому дин баробар кунанд, агарчи баробар ҳастанд. Агар накунанд, шояд охирин тасмим гирифта шавад, ки аз кор озод шаванд".Ин маъмури Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар хитоб ба ҳозирин мегӯяд, ки баъд аз имону амали солеҳ кӯшиш кунанд, ки "ҳақ ҳоким шавад".Ин мақоми толиб дар бахше аз изҳороти худ мегӯяд, ҳадаф аз эҷоди амр ба маъруф инаст, ки идорот фосид нашаванд.Ӯ мегӯяд, як ҳафта агар дар рустое амр ба маъруф нашавад, ин русто "хароб мешавад".Ба бовари ӯ дар ҳар хона, ҳар дафтар ва ҳар раёсате, ки амр ба маъруф набошад, дар он ҷо фасод пайдо мешавад.Амр ба маъруфи толибон дар ҳоли ҳозир занонро ба риояти ҳиҷоб тавсия мекунанду ба мардон низ мегӯянд, ришашонро натарошанд ва салла ё лунгӣ банданд.
https://sputnik.tj/20220620/omodagi-shuro-muqovimat-guftugu-tolibho-1049336793.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1b/1044447826_42:0:2571:1897_1920x0_80_0_0_a7cb2acfac361b18b14f6c7d1503a1f9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, ҳушдор, кормандони давлатӣ, аз кор озод шудан, бомиён, дастур, ислом
афғонистон, толибон, ҳушдор, кормандони давлатӣ, аз кор озод шудан, бомиён, дастур, ислом
Толибон: Агар худатонро бо ислом баробар накунед, аз кор озод мешавед
22:00 20.06.2022 (Навсозишуда: 13:02 21.06.2022) Як корманди Идораи амр ба маъруфи толибон ба кормандони давлатӣ дар Бомиён дастур додаанд, ки "худро бо ислом баробар" кунанд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Як маъмури Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибон дар Бомиён ба кормандони яке аз идороти давлатӣ дар ин вилоят гуфтааст, ки худашонро бо "ислому дин баробар кунанд", иттилоъ медиҳад Sputnik Афғонистон дар истинод ба расонаҳои дохилӣ.
Дар як паёми савтӣ, ки аз ин маъмури толибон дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифтааст, ӯ ба кормандони идороти давлатӣ ҳушдор медиҳад, агар худашонро бо ислом баробар накунанд, аз корашон озод хоҳанд шуд.
Ӯ мегӯяд: "Ба кормандон ҳамин тавсияро мекунем, ки кӯшиш кунанд, худашонро бо ислому дин баробар кунанд, агарчи баробар ҳастанд. Агар накунанд, шояд охирин тасмим гирифта шавад, ки аз кор озод шаванд".
Ин маъмури Идораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар хитоб ба ҳозирин мегӯяд, ки баъд аз имону амали солеҳ кӯшиш кунанд, ки "ҳақ ҳоким шавад".
Ин мақоми толиб дар бахше аз изҳороти худ мегӯяд, ҳадаф аз эҷоди амр ба маъруф инаст, ки идорот фосид нашаванд.
Ӯ мегӯяд, як ҳафта агар дар рустое амр ба маъруф нашавад, ин русто "хароб мешавад".
Ба бовари ӯ дар ҳар хона, ҳар дафтар ва ҳар раёсате, ки амр ба маъруф набошад, дар он ҷо фасод пайдо мешавад.
Амр ба маъруфи толибон дар ҳоли ҳозир занонро ба риояти ҳиҷоб тавсия мекунанду ба мардон низ мегӯянд, ришашонро натарошанд ва салла ё лунгӣ банданд.