"The Telegraph": Байден ҳамчун президенти Иёлоти Муттаҳида ноком шуд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкВыступление президента США Байдена с заявлением по ситуации вокруг Украины
Выступление президента США Байдена с заявлением по ситуации вокруг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Рейтинги кишвардори феълии Амрико ба зӯр ҳадди 40%-садиро нишон медиҳад ва ба ин минвол ӯ яке аз ғайримаъруфтарин президентҳо дар таърихи ин давлат мебошад
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҷо Байден дар мақоми президенти Иёлоти Муттаҳида ноком шуд. Дар ин бора Нил Гардинер, шореҳи рӯзномаи бритониёии The Telegraph навиштааст, хабар медиҳад РИА Новости.
"Аз бисёр ҷиҳат, раёсатҷумҳурии Байденро метавон ҳаваскортарин дар таърихи муосири Амрико номид: расвоӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, хуруҷи фалокатбори нерӯҳо аз Афғонистон ва даҳшати комил дар умури дохилии кишвар. Кохи Сафед дар бесарусомонии комил қарор дорад", - навиштааст Гардинер.
Муаллиф қайд намудааст, роҳбари Кохи сафед ҳангоме, ки аз минбар суханронӣ мекунад, бисёр парешону танҳо ба назар мерасад.
Гардинер аз ҷумла суханронии охирини Ҷо Байденро дар киштии ҳавопаймобари "Айова" дар бандари Лос-Анҷелес мисол меорад.
Президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2022
“Расвоӣ!” Сенатори амрикоӣ ба Байден барои кораш баҳои як гузошт
Ӯ гуфт, иқтисоди Амрико дар остонаи таназзул қарор дорад ва коҳиши шадиди бозори саҳҳомӣ триллионҳо долларро аз ҳисобҳои бознишастагон дар Амрико нест мекунад.
"Шояд ғамгинтарин манзараи феълӣ ин коҳиши ҳайратангези абарқудрати мост. Эҳсоси бадбахтӣ дар иёлатҳо аён аст. Ҷомеа ба раҳбарии Ҷо Байден, ки ҳарчи бештар ба як президенти инкор табдил мешавад. Масъулиятро эҳсос намекунадва тамоми бадбахтиро ба сари дигарон бор мекунад", - хулоса намуда Гардинер.
Дар ҳоли ҳозир, рейтинги умумии Байден ба 40% мерасад ва ин ӯро ба яке аз номаъруфтарин президентҳо дар таърихи ИМА табдил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0