Сокини ноҳияи Рӯдакӣ ду духтарро аз марг наҷот дод

© PixabayЧеловек в воде
Человек в воде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Ин ду духтар дар соҳили рӯди Элок саргарми суҳбат буданд, ки об пойафзоли онҳоро бурд. Барои гирифтани пойафзол онҳо вориди об шуданд ва мавҷ онҳоро бурд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Рӯдакӣ ду ҷавондухтари 21 ва 17-сола аз марг наҷот ёфтанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, духтаронро як марди 36-сола, сокини деҳаи Мавҷи ноҳияи мазкур аз ғарқшавӣ наҷот дод.
Гуфта мешавад, мард аснои сайругашт дар соҳили Элок ду духтари дар ҳоли ғарқшавиро дида зуд ба кумаки онҳо шитофт.

"Ӯ худро ба об ҳаво дод ва аввал яке ва баъд дуюмиро аз дохили дарё берун овард", - гуфта мешавад дар хабарнома.

Манбаъ меафзояд, ҷавондухтарон, ки сокинони деҳаи Ҳоҷиёни ноҳияи Рӯдакӣ мебошанд, дар соҳилҳои Элок сайр намуда, саргарми суҳбат буданд, ки об кафшҳошонро бурд.
Онҳо бо вуҷуди он ки шиноварӣ карда наметавонанд, барои ба даст овардани пойафзол вориди об шуданд ва мавҷ онҳоро бо худ бурд.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Дар ҳамин ҳол, КҲФ хотиррасон намудааст, ки дар соҳили рӯдҳо бояд қоидаҳои одитарини бехатарӣ риоя карда шаванд.
Қаблан, ин ниҳод хабар дод, ки аз оғози мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 нафар ғарқи оби кӯлу дарёҳо гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0