Теъдоди паноҳандагон аз Украинаву Донбасс ба Русия наздик ба 2 млн нафар расидааст

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкЖители Украины
Жители Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Кӯч додани мардуми осоишта аз минтақаи Донбасс дар пасманзари авҷ гирифтани даргириҳо вазъ дар нимаи моҳи феврал оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Теъдоди паноҳандагон аз Донбасс ва Украина, ки аз оғози авҷ гирифтани низоъҳои низомӣ ба Русия омадаанд, ба 2 миллион нафар мерасад, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба намояндаи хадамоти изтирорӣ.

"То субҳи 20 июн, 1 миллиону 934 ҳазор паноҳанда, аз ҷумла наздики 307 ҳазор кӯдак, тавассути гузаргоҳҳо ба Русия ворид шуданд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад кӯчи васеъмиқёси мардуми осоишта аз ҷумҳуриҳои Донбасс дар пасманзари авҷ гирифтани вазъ дар нимаи моҳи феврал оғоз шуд.
Бо гузашти чор моҳ аз оғози амалиёти махсуси Русия дар Украина ва шиддат гирифтанивайронӣ дар ин кишвар раванди фирори мардум ба минтақаҳои марзӣ ва кишварҳои аврупоӣ идома дорад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Монумент Родина-мать на территории мемориального комплекса Национальный музей истории Украины во Второй мировой войне в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Кишваре ошкор шуд, ки Украинаро "оромона" ғасб хоҳад кард
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0