https://sputnik.tj/20220619/qazoqiston-shahrvandon-eron-ravodid-1049328325.html
Қазоқистон барои шаҳрвандони Эрон 14 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ кард
Қазоқистон барои шаҳрвандони Эрон 14 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Қазоқистон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад. Масълаи лағви раводид барои 14 рӯз низ зимни ин мулоқоти кишвардорон ба даст омад 19.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-19T15:45+0500
2022-06-19T15:45+0500
2022-06-20T14:32+0500
қазоқистон
эрон
раводид
сиёсат
қосим -жомарт тоқаев
иброҳим раисӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/14/1031599741_0:200:2933:1850_1920x0_80_0_0_d3951e7d6b9c2b4df3a10ab1191353ef.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Эрон имкон пайдо намуданд, ки муддати 14 рӯз бидуни гирифтани раводид меҳмони Ҷумҳурии Қазоқистон гарданд. Ба ин тавоқуф раисҷумҳурони Эрону Қазоқистон расиданд.Маврид ба зикр аст, ки президенти Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев феълан бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад. Масълаи лағви раводид барои 14 рӯз низ зимни мулоқоти кишвардорон ба даст омад."Мо барои шаҳрвандони Эрон ба муддати 14 рӯз режими бидуни раводид ҷорӣ мекунем. Ин тадбир ба манзури тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла густариши иртибот миёни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон аст. Бовар дорам, ки тоҷирони эронӣ аз ин бартарият пурра истифода мекунанд”, - гуфт Тоқаев.Дар ин дидор Тоқаев Эронро наздиктарин ҳамсояи Қазоқистон дар минтақаи Хазар ва шарики боэътимод хонд. Вай ҳамчунин ба санаи муҳим - 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатии ду кишвар таваҷҷуҳ карда, таъкид кард, ки дар ин муддат равобит таҳким ва дӯстии кишварҳо бештар рушд кард."Робитаҳои ҳамаҷонибаи мо ҳамарӯз ба таври динамикӣ инкишоф меёбанд. Ин натиҷаи муколамаи сиёсӣ дар асоси эътимоди мутақобила аст. Шӯроҳои байниҳукуматӣ, парлумонӣ ва соҳибкорон фаъолият доранд. Бо вуҷуди монеаҳои мавҷуда ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба таври қобили мулоҳиза густариш меёбанд", - гуфт раисиҷумҳури Қазоқистон. кЗимнан, президенти Эрон, Иброҳим Раисӣ ба Тоқаев барои қабули даъвати ӯ изҳори сипос кард. "Нахустин мулоқоти мо бо шумо дар ҳошияи нишасти Душанбе сурат гирифт. Ман аз ташрифи шумо ба Теҳрон хеле хушҳолам. Боварӣ дорам, ки сафари шумо ба Эрон як такони тозае бахшида, дар равобити мо як гардиши бузург хоҳад кард", - гуфт рохбари Эрон.
https://sputnik.tj/20220617/ukraina-shahrvandon-rusiya-nizomi-ravodid-1049282492.html
қазоқистон
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/14/1031599741_101:0:2832:2048_1920x0_80_0_0_d2d7a25eb87c866e0efcf04988b08d93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, эрон, раводид, сиёсат , қосим -жомарт тоқаев, иброҳим раисӣ
қазоқистон, эрон, раводид, сиёсат , қосим -жомарт тоқаев, иброҳим раисӣ
Қазоқистон барои шаҳрвандони Эрон 14 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ кард
15:45 19.06.2022 (Навсозишуда: 14:32 20.06.2022) Кишвардори Қазоқистон бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад. Масълаи лағви раводид барои 14 рӯз низ зимни ин мулоқоти кишвардорон ба даст омад
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Шаҳрвандони Эрон имкон пайдо намуданд, ки муддати 14 рӯз бидуни гирифтани раводид меҳмони Ҷумҳурии Қазоқистон гарданд. Ба ин тавоқуф раисҷумҳурони Эрону Қазоқистон расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев феълан бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад. Масълаи лағви раводид барои 14 рӯз низ зимни мулоқоти кишвардорон ба даст омад.
"Мо барои шаҳрвандони Эрон ба муддати 14 рӯз режими бидуни раводид ҷорӣ мекунем. Ин тадбир ба манзури тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла густариши иртибот миёни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон аст. Бовар дорам, ки тоҷирони эронӣ аз ин бартарият пурра истифода мекунанд”, - гуфт Тоқаев.
Дар ин дидор Тоқаев Эронро наздиктарин ҳамсояи Қазоқистон дар минтақаи Хазар ва шарики боэътимод хонд. Вай ҳамчунин ба санаи муҳим - 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатии ду кишвар таваҷҷуҳ карда, таъкид кард, ки дар ин муддат равобит таҳким ва дӯстии кишварҳо бештар рушд кард.
"Робитаҳои ҳамаҷонибаи мо ҳамарӯз ба таври динамикӣ инкишоф меёбанд. Ин натиҷаи муколамаи сиёсӣ дар асоси эътимоди мутақобила аст. Шӯроҳои байниҳукуматӣ, парлумонӣ ва соҳибкорон фаъолият доранд. Бо вуҷуди монеаҳои мавҷуда ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба таври қобили мулоҳиза густариш меёбанд", - гуфт раисиҷумҳури Қазоқистон. к
Зимнан, президенти Эрон, Иброҳим Раисӣ ба Тоқаев барои қабули даъвати ӯ изҳори сипос кард. "Нахустин мулоқоти мо бо шумо дар ҳошияи нишасти Душанбе сурат гирифт. Ман аз ташрифи шумо ба Теҳрон хеле хушҳолам. Боварӣ дорам, ки сафари шумо ба Эрон як такони тозае бахшида, дар равобити мо як гардиши бузург хоҳад кард", - гуфт рохбари Эрон.