Маълум шуд, ки СПАД барои соли 2022 кадом машқҳоро ба нақша гирифтааст

© Пресс-служба ЦВОТанки на полигоне в Таджикистане
Танки на полигоне в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
СПАД дар соли ҷорӣ машқҳои вижаи "Ҷустуҷӯ-2022", "Эшелон-2022" ва давраи таълимии фармондеҳию нерӯҳои ситоди "Таомул-2022"-ро баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Нерӯҳои дастаҷамъии СПАД омодагиҳоро барои се тамрини муштарак дар Қазоқистон дар соли 2022 оғоз кардаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хабар додааст.
"Ҳамаи тамринот, ки омӯзиши ҷузъҳои мухталифи нерӯҳои СПАД (Нерӯҳои дастаҷамъӣ)-ро муттаҳид мекунад, дар як фазои ягонаи амалиётӣ дар қаламрави Қазоқистон дар тамрингоҳи "Матибулоқ" ба нақша гирифта шудааст", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки сухан дар бораи машқҳои махсуси "Ҷустуҷӯ-2022", "Эшелон-2022" ва таълими фармондеҳию штабии "Таомул-2022" меравад, ки бо ширкати намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва як гурӯҳи афсарони ситоди муштараки СПАД доир мешавад.
Возложение цветов к мемориальным доскам по случаю празднования Дня Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Лавров: СПАД бояд омили таъмини мувозинат дар Авруатлантик бошад
Дар давоми "Ҷустуҷӯ-2022" нирӯҳо ташкил ва баргузории корҳои иктишофиро таҳия мекунанд. "Эшелон-2022" ба рушди ҳамлу нақл ва "Таомул-2022" таҳияи амалиёти маҳаллисозии низои мусаллаҳона дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказиро пешбинӣ мекунад.
Дар ин тамринот бори нахуст воҳидҳои нави нерӯҳои дастаҷамъӣ - таъсиси муштараки РКБ оид ба ҳимоя ва таъмини тиббии СПАД ширкат хоҳанд кард, гуфта мешавад дар гузориш.
Лентаи хабарҳо
0