https://sputnik.tj/20220618/hukumat-qirghiziston-marz-tojikiston-1049306444.html
Ҷабборов аз раванди тақсими марз бо Тоҷикистон сухан гуфт
Ҷабборов аз раванди тақсими марз бо Тоҷикистон сухан гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари девони вазирони Қирғизистон мегӯяд, комиссияи давлатии музокирот оид ба делимитатсияи марз бо Тоҷикистон фаъол кор мекунад
2022-06-18T12:34+0500
2022-06-18T12:34+0500
2022-06-18T18:49+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
баҳси марзӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042788433_0:164:3057:1884_1920x0_80_0_0_3b746087d3f9345ca39aaed418145536.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Қирғизистон ва Тоҷикистон масъалаҳои марзиро ҳал мекунанд.Дар ин бора сарвазири ин ҷумҳурӣ Оқилбек Ҷабборов ба РИА Новости дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.Ба гуфтаи ӯ, "ҳоло музокироти фаъол ҷараён дорад, ҳоло гуфтани замон анҷом хеле мушкил аст, бахусус азбаски Афғонистон дар ҳамсоягист."Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Қирғизистон умедвор аст, ки дар ояндаи наздик масъалаи марз бо Узбакистонро ҳал кунад. "Умедворем, ки мо бо Ӯзбекистон қариб ба охир расонидаем, танҳо каме боқӣ мондааст", - афзуд ӯ.Ёдовар мешавем, ки субҳи 14 июн вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ташдид шуд. Оташкушоӣ бо истифода аз миномёту гранатомётҳо сурат гирифт.Манобеъ аз ҷамоати Ворух дар шарҳи ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки тирпаронӣ соати 6 рух дод ва то ду соат давом кард.Бар асари ин ҳодисаи марзӣ як сарбози тоҷик дар Ворухи Исфара ба ҳалокат расидааст. Аз сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов, сокини 26-солаи ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликули собиқ) ном мебаранд, ки дар роҳи ҳифзи сарҳади кишвар истодагарӣ кард ва дар зимни иҷрои вазифааш ба шаҳодат расид.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороташ амалкарди Қирғизистон дар марзи муштаракро таҷовузкорона ва иғвоангезӣ хонд.Ҷониби Қирғизистон, ки дар гузашта дар бораи захмиёни задухӯрдҳо ҳамеша иттилоъ медод, аммо дар бораи ҳодисаи охирин иттиллое надод.Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.
https://sputnik.tj/20220614/tojikiston-tirparroni-marz-qirghiziston-1049178630.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0c/1042788433_163:0:2894:2048_1920x0_80_0_0_2a3637306947b44290f7167ed220af7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабборов тақсим марз тоҷикистон
ҷабборов тақсим марз тоҷикистон
Ҷабборов аз раванди тақсими марз бо Тоҷикистон сухан гуфт
12:34 18.06.2022 (Навсозишуда: 18:49 18.06.2022) Раҳбари девони вазирони Қирғизистон мегӯяд, комиссияи давлатии музокирот оид ба делимитатсияи марз бо Тоҷикистон фаъол кор мекунад
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Қирғизистон ва Тоҷикистон масъалаҳои марзиро ҳал мекунанд.
Дар ин бора сарвазири ин ҷумҳурӣ Оқилбек Ҷабборов ба РИА Новости дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург изҳор дошт.
“Комиссияи давлатии музокирот оид ба делимитатсияи сарҳад бо Тоҷикистон фаъолона кор мекунад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, "ҳоло музокироти фаъол ҷараён дорад, ҳоло гуфтани замон анҷом хеле мушкил аст, бахусус азбаски Афғонистон дар ҳамсоягист."
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки Қирғизистон умедвор аст, ки дар ояндаи наздик масъалаи марз бо Узбакистонро ҳал кунад.
"Умедворем, ки мо бо Ӯзбекистон қариб ба охир расонидаем, танҳо каме боқӣ мондааст", - афзуд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 14 июн вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ташдид шуд. Оташкушоӣ бо истифода аз миномёту гранатомётҳо сурат гирифт.
Манобеъ аз ҷамоати Ворух дар шарҳи ин ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки тирпаронӣ соати 6 рух дод ва то ду соат давом кард.
Бар асари ин ҳодисаи марзӣ як сарбози тоҷик дар Ворухи Исфара ба ҳалокат расидааст. Аз сарбози марҳум Муродбек Маҳмадқулов, сокини 26-солаи ноҳияи Дӯстӣ (Ҷиликули собиқ) ном мебаранд, ки дар роҳи ҳифзи сарҳади кишвар истодагарӣ кард ва дар зимни иҷрои вазифааш ба шаҳодат расид.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар изҳороташ амалкарди Қирғизистон дар марзи муштаракро таҷовузкорона ва иғвоангезӣ хонд.
Ҷониби Қирғизистон, ки дар гузашта дар бораи захмиёни задухӯрдҳо ҳамеша иттилоъ медод, аммо дар бораи ҳодисаи охирин иттиллое надод.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххас нашудааст. Ин номуайянӣ боиси сар задани муноқишаҳо мегарданд, ки баъзан бо тирпарронӣ ва марги одамон меанҷоманд.