Чижов гуфт, Русия ба зиндагӣ бо таҳримҳо одат кардааст

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПостоянный представитель Российской Федерации при Европейском Союзе Владимир Чижов
Постоянный представитель Российской Федерации при Европейском Союзе Владимир Чижов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Намояндаи Маскав мегӯяд, Русия интизор надорад, ки Иттиҳодияи Аврупо бо қатъи амалиёти ҷангӣ дар Украина таҳримҳоро лағв кунад
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Намояндаи доимии Русия дар ИА Владимир Чижов гуфт, Русия интизор надорад, ки Иттиҳодияи Аврупо таҳримҳоро бо қатъи амалиёти ҷангӣ дар Украина лағв кунад, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Он манобеъ, ки ба тасмимгирӣ наздиктар ҳастанд, чизи комилан дигарро мегӯянд - қатъи амалиёти ҷангӣ аслан маънои лағви таҳримҳоро надорад, аммо мо инро ҳам интизор набудем. Мо ба навъе одат кардаем, ки бо он зиндагӣ кунем", - гуфт ӯ.
Қаблан як манбаи воломақоми аврупоӣ дар Брюссел гуфта буд, ки дар сурати қатъи амалиёти вижаи Русия дар Украина ва аз байн бурдани таҳдидҳо ба амнияти ин кишвар ва Иттиҳодияи Аврупо, таҳримҳои ИА алайҳи Маскав лағв хоҳанд шуд.
Ахиран раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҳамоиши иқтисодӣ дар шаҳри Петербург гуфт, ки ин кишвар бо таҳримотро бомуваффақият пушти сар мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Флаг ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Иттиҳодияи Аврупо шарти лағви таҳримҳо алайҳи Русияро эълон кард
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.
Лентаи хабарҳо
0